Анҷоми конфронси байналмилалӣ дар Чин

Конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Рушди фарҳанг дар чорчўбаи Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шуда буд, ба анҷом расид.
Дар кори ин конфронс гуруҳе аз кормандони вазорату идораҳои Тоҷикистон Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Узбекистон ва Чин иштирок доштанд.
 Мавзўи конфронс, ҳамчуноне аз ном аш пайдост, баррасии рушди фарҳанг дар чорчўбаи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой буд.
Ширкаткунандагон зарфи бештар аз ним моҳ роҳу шеваҳои иртиботҳои фарҳангӣ миёни Чин ва ҷамоҳири Осиёи Марказиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Китобхонаи миллиро дар ин конфронс сардори Шуъбаи  маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов намояндагӣ кард.