Теъдоди аъзои Толори хониши кӯдакон ба 4 ҳазору 585 нафар расид

Ин тозатарин рақамест, ки субҳи имрӯз эълон шуд. Яъне, шумори хонандагони фаъоли наврас ва кӯдакон афзуд ва ба 4 ҳазору 585 нафар расид.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бахшеро барои кӯдакону наврасон ихтисос дод, ки имрӯз аз бахшҳои фаъол ба шумор меравад. Ба ин толор, ки дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст, асосан кӯдакону наврасони синнашон а 5 то 16-сола ташриф меоранд ва саргарми мутолиаи китоб мешаванд.  
Толор бо таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз аст. Аз ҷумла, 14 адад компютер  бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ ва бозиҳои дилхушкунанда барои атфол омодаи хизматрасонианд.
Дар ин толор ҳамчунин метавон тахтаи электронӣ, диапроэктор, бозиҳои рўи мизӣ: шоҳмот, шашка, лего ва ғайраро дид, ки ҳама омода барои атфоланд.
Дар ин толор мураббиёни пуртаҷриба кор мекунанд, ҳар кадоми онҳо собиқаи кор дар китобхона доранд ва хуб медонанд, ки ба синну соли гуногун чӣ китоберо барои мутолиа пешниҳод кунанд. Ва ё вобаста ба синну солашон кӯдакон ва наврасонро машғули бозиҳои компютерӣ ва барномаҳои илмиву омӯзишӣ созанд.  
Дар толори  кўдакон ва наврасон бештар аз 800 китобу маҷаллаҳо бо забонҳои  тоҷикӣ, рўсӣ, форсӣ, инглисӣ, олмонӣ ва ғайра гузошта шудаанд.
Дар ин бахш барои атфол ва наврасон давраҳои забономӯзӣ ташкил карда шудаанд, ки вобаста ба синну солашон дарси забон меомӯзанд.
Сари чанд вақт дар ин толор чорабиниҳои вижае баргузор карда мешаванд, ки дар онҳо аз мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва кӯдакистонҳо даъват карда мешаванд. Аз ҷумла,мулоқот бо шоирону нависандагон, ҳунармандони театрҳои пойтахт ва ғайра ҳамеша дилнишину хотирмон мегузаранд. Яъне, толори хониши кӯдакону наврасон танҳо толоре нест, ки китоб хонанд. Балки ҷойест, ки наврасон бо дӯстдоштатарин адибону ҳунармандон мулоқот мекунанд, бо онҳо муколама анҷом медиҳанд.
Дари ин толор ҳамеша ба рӯйи атфол ва наврасон боз аст.