Магар чизи дигаре пояндатар аз некӣ вуҷуд дорад?
Магар ҳамин некӣ нест, ки поядаву боқӣ ва ҷовидон мемонад?
Магар ин нест, ки бо як сухани хуш, бо як табассуми зебо, бо як туҳфаи камтарин дили ғамгирифтаеро шод кунӣ?
Оре, ҳамин аст, чизе беш аз ин нест.
Ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки умдатан ба шахсони маъюб ва афроди имкониятҳояшон маҳдуд хизмат мерасонад, Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил шуд. Ва ин чорабинӣ ҳамин гуна унвон дошт: “Некӣ бимонад ҷовидон...”
Имрӯз агар Чингиз Айматов зинда мебуд, ба синни 87 мерасид.
Чингиз Айтматов, нависандаи шуҳратёри қирғиз 12-уми декабри соли 1928 дар рустои Шерек, ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Падараш яке аз фаъолони ҳизби коммунист буда, замоне Котиби дуюми Ҳизби коммунисти Қирғизистон, комиссари халқӣ оид ба замин буд. Аммо соли 1937, дар авҷи боздоштҳои НКВД боздошт ва соли 1938 парронда шуд. Модараш Нагима Абдувалиева, духтари тоҷири тотор буд ва соли 1937 “зани душмани халқ” эълон гардид.
Чингизи ҷавон то синфи 8 мактаб хонд, муддате кор кард ва соли 1948 техникуми зоологии Ҷамбул, соли 1953 бошад Донишкадаи кишварзии шаҳри Фрунзе...