Бошад, ки ҷаҳон чарх занад дар қаламат...
Нашр шуд 2015-12-17 15:4520-уми декабр ба зодрӯзи яке аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдул¬лоҳи Рўдакӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ 70 сол пур мешавад.
Ва ҳудудан панҷ сол пеш, дар рӯзи сарди баҳманмоҳ миллат шоири шаступанҷсолаи худро аз даст дод, панҷ сол аст, ки шеъру таронаҳои ӯ бе ӯ дар доираи маҳфилҳову нишастҳо, аз радиову телевизион садо медиҳанд.
Шоири шинохта Камол Насрулло рӯзи даргузашташ гуфта буд: "Дар воқеъ, талафоти бисёр бузург аст. Зеро Сафармуҳаммад Аюбӣ табъи равон доштанд ва дар як нишастан ғазал мегуфтанд. Дар тӯли умри кӯтоҳ теъдоди асарҳое навиштанд, ки бархеҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Маҳфиле набуд, ки шеъри Аюбӣ, суруди Аюбӣ садо надиҳад."