Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...
Нашр шуд 2017-02-04 15:57
Чунин ном дошт маҳфиле, ки ахиран дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ба муносибати зодрўзи Луи Брайл-бунёдгузори алифбои брайлӣ барои нобиноён баргузор шуд.
Эсануғлии Ҳотам, барандаи маҳфил дар суханони муқаддимавии худ ҳадафи маҳфилро баён кард ва гуфт имрӯз зодрӯзи яке аз барҷастатрин шахсиятҳои таърихи башар аст, ки роҳи миллионҳо нобиноро дар тӯли таърих бо нури дониш мунаввар кардаву ин афродро хондану навиштан ва омӯхтан ёд додааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки гарчи қисмати Брайл нобиноӣ буд, вале вай қалби бино дошт ва бо ин қалби пур аз меҳру муҳаббат дарди ҳазоронро ташхис мекард. Вай тӯли умр талош кард алифбоеро асос гузорад, ки барои ҳар нобино содаву осон бошад, то роҳи омӯзишу савод осон гардад. Вай нобиноёни оламро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳо кард ва ба ҷомеаи башар паём дод, ки инсон метавонад нобино ба дунё ояд, вале соҳиби дили бинову ақли расо ва моил ба омӯзишу парвариш бошад.
Директори мактаб–интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор Мансур Султонов ва хатмкардаи ҳамин мактаб Иброҳими Исмоилзод зимни суханронии худ миннатдории хешро сараввал ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ҳақи нобиноён ва касони дорои имкониятҳои маҳдуд ғамхории падарона зоҳир мекунад.
Сипас, аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ сипосгузор шуданд, ки барои нобиноён низ имкониятҳои хуберо фароҳам овардааст ва дари саводу донишро ба рӯяшон боз кардаву бо роҳандозии ҳар гуна маҳфилҳо хотири онҳоро шод мекунад.
Ҳамзамон, дар маҳфил сароянда Матлубаи Раҳимзод, ки ҳамнафас ва ҳамқисмати нобиноёни шуъбаи хизматрасонии махсус аст, суханронӣ кард ва гуфт: «Ростӣ, маро пеш аз ба ин ҷо омадан ҳаяҷон пахш намуд. Ман хушҳол аз онам, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбае барои мо ашхос фаъолият дораду кормандони он ба мо хизмат мерасонанд. Дар баробари омаданам ба ин ҷо кормандони шуъбаи махсус маро хеле гарм пазироӣ намуданд. Ман аз онҳо миннатдорам».
Баъдан, Заринаи Абдураҳим бо сурудҳои тозаэҷодаш хотири ширкаткунандагони маҳфилро шод кард. Дар бораи Луи Брайл
Фарзонаи Мирзо