Афроди дорои имкониятҳои маҳдуд касонеанд, ки нуқси ҷисмонӣ доранд. Иддае модарзод бо ин гуна нуқсҳо ба дунё меоянд ва зумраи дигар бар асари ҳодисаҳои нохӯш маъюби якумрӣ мешаванд.
Аммо аксари онҳо шахсоне мебошанд, ки ба зиндагӣ бо чашми умед менигаранд ва ҳамеша раҳмати худовандӣ ва муъҷизаро дар зиндагӣ интизоранд. Яъне, ин афрод бо умед зиндагӣ мекунанд, умед доранд рӯзе дидаи бинояшон бармегардад, пою дасташон сиҳат меёбад.
Умед аст, ки инсонро зинда медорад ва умед аст, ки зиндагӣ бо он хуш мегузарад.
Аксари ин афрод дилбастаи касбу коре ҳастанд ва талош мекунанд дар зиндагӣ роҳи худро дошта бошанд. Ва Мавзунҷони Ғафурзод яке аз ин афрод аст.
Мавзунҷон пайваста ба Китобхонаи миллӣ меояд, дар чорабиниҳои Шуъбаи хизматрасонии махсус фаъолона ширкат мекунад, маъюбонро ба китобхона ва китоб ташвиқ менамояд.
Мавзунҷон зодаи Панҷакенти бостонист. 6-уми марти соли 1994 дар ин шаҳр ба дунё омадааст. Фарзанди ягонаи хонадон аст. Дар айни замон волидонаш тарки олам кардаанд.
То синни ҳафтсолагӣ ба бемориии чашм гирифтор набуд, бинобар сабаби номусоид омадани фаслҳои сол тадриҷан мубтало ба ин беморӣ гашт ва дар натиҷаи табобати нодурусти табибон дидаи бинояшро аз даст дод.
Аз соли 2011 ба шаҳри Душанбе омад ва дар мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор таҳсилро идома дод. Соли 2013 дар озмунҳои гуногуни “Дастони моҳир”, ки дар шаҳру навоҳӣ баргузор мегарданд, ширкат варзида, чойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Айни ҳол Мавзунҷони Ғафурзод дар коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи устод Аҳмад Бобоқулов донишҷӯи соли сеюм бо ихтисоси окардиён, баян, навозанда ва сарояндагӣ мебошад.
Мавзунҷони Ғафурзод ҳунарҳои бофандагӣ, сабадбофӣ, гулсозӣ аз риштаҳои гуногун ва эчодкорӣ машғул аст. Ў иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангии коллечи санъат ва Китобхонаи миллӣ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола 3 – уми декабр Рўзи ҷаҳонии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд, ки СММ эълон кардааст, таҷлил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ин санаи муҳим аз соли 1993 таҷлилд мегардад.
Ҳадафи СММ ин ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти шахсони маъюб, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» таҳия ва қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барнома - ин тақвият бахшидан ба низом ва раванди пурра ва қисман барқарорсозии қобилияти маъюбон ба фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ бо мақсади мутобиқсозии иҷтимоии онҳо ва ба даст овардани мустақилияти моддӣ мебошад.