Китоби Герман Вамбери «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр” ҷилди дуюм, як асари илмӣ – таҳқиқӣ доир ба таърихи Бухоро, дар соҳаи илмҳои таърих ва сарчашманигорӣ ба шумор рафта, қимати баланди илмиро соҳиб аст. Китоби мазкурро Аркадий Павловский ба забони русӣ тарҷума намуда, соли 1873 дар Санкт-Петербург чопхонаи «Скарятина» ба нашр расонидааст.
Ҳамчуноне асари зикршуда аз ду ҷилд иборат аст ва дар бораи муҳтавои ҷилди аввал дар мақолаи «Нусхаи ягонаи китоби Герман Вамбери аз таърихи Бухоро» (http://www.kmt.tj/nushai-yagonai-kitobi-german-vamberi-az-tarihi-buhoro) маълумот дода будем. Ҳоло бошад, тасмим гирифтем хонандаро бо ҷилди дуюми ин китоб ошно кунем.