Се истгоҳи Пайванд

Дирӯз, 20-уми июл зодрӯзи устод Пайванди Гулмуродзода-муҳаққиқи борикназари таърихи журналистика, пажуҳишгари муваффақ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва пири даҳҳо тан аз рӯзноманигрони шинохтаи кишвар буд. Ва ҳар сол дар ин рӯз аз ӯ ёд мекунем, инсони шариф ва фарде, ки ба дилҳо ҷо дорад, ҳатто баъди марг бо ёдҳои гиромиаш дар меҳвари суҳбатҳои мо қарор мегирад.
Дар зер ёдномае дорем, ки рӯзи ҷанозаи устод навишта шудааст. Хостам чизи дигар нависам, вале вақте ин сӯгномаро хондам, дидам, ки наметавонам ба он чизи дигар илова кунам.

Ёди устод Пайванд ба хайр!
СЕ ИСТГОҲИ ПАЙВАНД
Сӯгномае дар сари ҷанозаи устод Пайванди Гулмурордзода
Баъди 32 рӯзи ҷудоӣ аз бародари ҷону ҷигар ва ҷавонмаргам Муҳаммадшукур, дуюмин бор талх гиристам.  Ин бор ба марги устод Пайванди Гулмуродзода, донишманд ва пажуҳишгари таърихи журналистикаи тоҷик, фарди худогоҳу дилогоҳ бо руҳияи волои миллӣ ва марде аз табори асилзодагон, шахсияте бо симову  сурати зибои тоҷикӣ ва зирати накуи инсонӣ.

Беморие қаблан аз маргаш хабар накарда буд, ногаҳонӣ даъвати Парвардигорашро пазируфт ва ба сӯяш шитобид. Чунон бошитоб рафт, ки касе надонист устод чаро  шитобзада буд, чаро мисли вақтҳои дигар, ки ба сафар мерафт, бо аҳли хонадонаш худоҳофзӣ накард. Зеро касе ҳам намедонист, ки ин охирин сафари устоди садҳо донишҷӯ ва падари хонадон буд.

Ин субҳ ҳам ӯро даҳҳо тан интизорӣ мекашиданд, имрӯз ҳам чун рӯзҳои пеш мебоист донишгоҳ мерафт. Вале субҳи бармаҳал хабари маргаш дару девори факултаро такон дод. Факултае, ки  солҳои сол шоҳиди ранҷҳои ӯ буд, ин субҳ аз ин азизи худ маҳрум шуд. Ва он даҳҳо шогирд худро ба дари устоди ҷавонмаргашон заданд, то охирин бор он чеҳраи барояшон нӯрониро падруд бигӯянд, чун нек медонанд, ки пазмон хоҳанд шуд...

Аз ошноии аввалин то рӯзи видоъ

Устодро аз замоне мешинохтам, ки нав қадам ба донишгоҳ гузошта будам.  Вай ҳамроҳ бо Отамуроди Бекмурод, журналисти шинохтаи тоҷик  ва иддае аз дӯстони дигараш меҳмони суфраи  донишҷӯии мо мешуд ва бо ҳаловат аз дастурхони мо нон мехӯрд. Чун бӯйи донишҷӯйӣ ҳанӯз аз машомаш нарафта буд ва шояд ин нишастҳо бо мо хуморашро ба  солҳои донишгоҳиаш тоза мекард. Ва ин хислат моро зиёдтар писанд меомад, ӯро, ки акнун бояд устодаш мехондем, дӯсти сари дастурхонии худ медонистем.

Устод Пайванд шахсан ба ман дар синфхона дарс наомӯхтааст, вале хеле машварату маслиҳатҳояш дар навишти барномаҳои родиоӣ ва мақолаҳо дар нашрияҳо кӯмакам кардаанд.  Аммо аз лаҳазоти ширини донишҷӯӣ замони пахтачинӣ буд, ки устод Пайванд баъзан роҳбари гуруҳи мо мешуд.  Ва шабонгаҳ мо дар ҳавои мусиқии форами Гурезу Таваккали марҳуму Муҳиддин мерақсидем, вале  ӯ аз дур ин ҳамаро тамошо мекард ва завқ мебурд.  Чун ба синну сол аз мо камтар фарқ мекард, назар ба дигар устодон бо ӯ зудтар забон меёфтем.  Аз дигарон ибо мекардем, эҳтиромашонро ба ҷо меовардем ва бо инҷиқиҳои ҷавонӣ саргарангашон намекардем. Ин барои устод Пайванд пазируфташуда буд, шояд аз он ки худ нав мизи донишҷӯиро  тарк карда буд, худро ҳамоно дар ҳамон ҳалқа тасаввур мекард.

Фаъолияти кории ӯ аз аввали солҳои 1980 оғоз гардида, тӯли ин муддат чун аспирант, муаллими калон, дотсент дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Солҳои 1986-1989 дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил кардааст ва рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Ташаккули публистистикаи шӯравии тоҷик” ҳамон солҳо ҳимоя кардааст.

Устод Пайванд аз зумраи шогирдони пири журналистикаи тоҷик, профессор Воҳид Асрорӣ ба шумор меравад. Аз ҷумлаи касонест, ки  баъди таъхири солҳо  дар ифтитоҳи факултаи журналистика муваффақ шудаанд ва орзуи неки устодашонро  ҷомаи амал пӯшонидаанд.  Аз соли 1992 то 1996 муовин ва аз соли 1996 то 2001 ва аз 2005 то 2006 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Муаассиси аввалин нашрияи таълимии факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ бо номи “Қалам” аст ва баъдан фаслномаи илмӣ-адабӣ ва фарҳангии “Гули мурод”-ро таъсис додааст. Аз ҷумлаи муҳаққиқони борикбини  адабиёт ва публистистикаи ибтидои садаи бисти тоҷик  буд ва дар омӯзиш ва таҳқиқи аввалин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф” саҳми арзанда дорад.

Се истгоҳ то манзили охират

Видоъ бо устоди шодравон ҳам зина ба зина сурат гирифт. То манзили охираташ тобути вай се истгоҳро пушти сар гузошт.  Аввал, ӯро аз ҳавлӣ бо фиғону нолаи фарзандонаш ба беруни дарвоза оварданд, то устодону шогирдонаш имкони падруд дошта бошанд.  Дар ҳамон маконе таваққуф кард, ки ҳар субҳ аз он ба самти шаҳр роҳ пеш мегирифт ва то хамгашти роҳ борҳо ба пас менигарист ва ҳар касе  агар ҳоло дами дарвоза буд, бо дастафшонӣ худоҳофизӣ мекард. Аммо ин бор бесадову беимо буд. Дигарон буданд, ки ӯро васф мекарданд. Академик Муҳаммадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Иброҳим Усмонов, профессор Юсуф Нуралиев, декани факултаи журналистика Қаҳҳор Расулиён (ҳоло собиқ), журналист ва пажуҳишгари тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ ва чанд тани дигар бо арзи эҳтиром аз хадамот ва пажуҳишҳои  илмии ӯ, аз инсонияту шарафмандиҳояш ба некӣ ёд карданд.

Сипас, то масҷиди “Навбаҳор” дастобадаст буранд, аз зиёдии одам расидан ба тобути устод имкон надошт. Ҷамъияти азиме ҷанозаи ӯро  хонданд ва роҳи баъдӣ ба сӯйи қабристон, манзилгаҳи охираташ буд.

Ва басо рамзист, ки як бори дигар аз дарвозааш гузашт, чун роҳ ба он манзилгаҳ аз ҳамин тариқ убур мекард. Як бори дигар фиғони фарзандону пайвандонаш ба фалак печид.

Оре, ба дили хок рафт, устод Пайванди Гулмуродзода ва боз як ниҳол дар боғи пажуҳиш хушкид, боз як ғунча дар баҳори илми кишвар ношукуфта пажмурда шуд.

Устод ҳоло дар айни камолоти эҷодӣ буд ва агар умр бовафо будӣ чандин муаммо  аз таърихи журналистикаи тоҷик дар саҳфаҳои “Қалам” ва “Гули мурод” кушода шудӣ.

Руҳи устод Гулмуродзода шоду хонаи охираташ обод бод!

Бобоҷони Шафеъ

Китобҳои Пайванд:
«Роҳҳо ва солҳо» («Маориф» - 1987);
«Қуллаи мурод» («Сино» - 1997);
«Нахли пурбор» («Сино» - 1997);
«Ҳамосаи инсони кор» (Донишгоҳ-1995, бо А. Саъдуллоев);
«Озодии сухан ва матбуот» (Донишгоҳ-1995, бо А. Саъдуллоев) ба табъ расидаанд.  Маҷаллаи «Гули мурод». 

Ва боз: Аз устод Пайванди Гулмуродзода ва дар бораи ӯ шумо, хонандагони азиз, дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Роҳҳо ва солҳо: Чанд лаҳза аз ҳаёти муаллим, доктори илмҳои филология, профессор В. М. Асрорӣ. – Душанбе: Маориф, 1987. – 46 с.

Гули мурод. – Душанбе, 1997. – 80  с.
Публицистика и время. – Душанбе: Сино, 2002. – 46 с.
Маорифпарварӣ ва низоми  нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 160 с.
Биё, биншину бишнав рози тоҷик. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 61 с.
Забон ва худшиносии миллӣ. – Душанбе, 2007. – 233 с.
Ализодаро фаромўш накунем: Чанд сатр ба хотири Саидризо Ализода // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 9 апрел.
Шаҳомати Айнӣ: Андешаҳои публитсистӣ //  Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 16 апрел.
Фоҷиаи Фитрат: Порча аз китобе, ки бояд навишта шавад // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 2 август.
«Бухорои Шариф» - равзанаи нур: Оиди шумораҳои аввалини рўзнома ба забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» // Сухан. – 1990. – декабр. – С. 7.
Аз «Журналист» то ба «Сухан»: Аз таърихи таъсиси маҷаллаи «Журналист» ва оғози нашри «Сухан» // Сухан. – 1990. – 18 март.
Рўзи матбуоти тоҷик кадом аст: Ба нашри рўзномаи нахустини тоҷик «Бухорои Шариф» 52 сол пур мешавад  //  Тоҷикистон. – 1994. – 11 март. – С. 3.
Ангуштнамои Арбоби дониш: Андешае чанд дар ҳошияи «Куллиёт» - и Шамсиддини Шоҳин // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 23 июн.
Кори хайраш монда…: Оиди кор ва фаъолияти адиби ҳаҷвнигор, рўзноманигори тоҷик Насруллоҳи Асадулло // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 11 август.

                                            Дар бораи Пайванди Гулмуродзоа

Шеърдўст, А. Ҳар рўз фироқи дўсте бояд дид: Ёде аз олим, пажўҳишгари фақиди тоҷик, шодравон Пайванди Гулмуродзода // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 2 май.
Бозоров, Н. Ҷовидмард: Ёднома аз адабиётшинос Пайванд Гулмуродзода // Озодагон. – 2014. – 13 май.
Ғоиб, Ҳ. Ба ёди Пайванд Гулмурод: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 31  июл.
Қурбон, Ш. Муҳаққиқ ва публитсист: Ёде аз муҳаққиқ ва публитсисти муаллифи 100 мақолаву очеркҳо Пайванд Гулмуродзода // Ҷумҳурият. – 2015. – 11 март.
Гулов, С., Муродӣ, М. ва диг. Гулмуродзода дар журналистикаи тоҷик чӣ нақш дошт: Ёде аз омўзгор, олим, донишманд ва рўзноманигори маъруфи тоҷик Пайванди Гулмуродзода /Таҳияи Ф. Умаралӣ // Фараж. – 2016. – 6 апрел.
Нуров, Н. Илҳом аз як дидор:Ба муносибати ёдбуди устод Пайванди Гулмуродзода // Баҳори Аҷам. – 2016. – 3 июн.
Маҳфили ёдбуди Пайванди Гулмуродзода: Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот» ба муносибати 60-солагии муҳаққиқи равоншод Пайванди Гулмурод // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 9 июн.
Тарғибгари хислатҳои неки инсонӣ: Мақолаи охирини навиштаҳои муҳаққиқи нуктасанҷ Пайванди Гулмурод аз хазинаи эҷодии ў // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 9 июн.
Раҳмонӣ, Р. Дўстии чилсола: Хотираҳо аз рўзноманигор ва адабиётшиноси тоҷик Пайванди Гулмурод // Фараж. – 2016. – 13 июл.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиография миллӣ