Абдуллоҷон Ғаффоров 5 - июли соли 1931 дар деҳаи Қистакўзи ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров дар оилаи яке аз маорифчиёни маъруф, омўзгори шинохта, Муаллими шоистаи Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳасанов чашм ба олами ҳасти кушодааст.
Соли 1947 ба курси тайёрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дохил шуд ва соли 1948 донишҷўи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Баъдан соли 1957 ба аспирантураи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дохил шуд. Баъди ба аспирантура дохил шудан А. Ғааффоров бо тавсияи