Тоҷикистон абармардони бузурги сиёсат ва арбобони шоистаи давлат дорад, ки бо гузашти даҳсолаҳо аз даргузашташон ҳам аз онҳо ба некӣ ёд мешавад. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба омӯзиши таърихи миллату давлат таъкид мекунад. Ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ посдории таърих аст.
Яке аз ин мардони сиёсат ва арбоби шоиста дар давлатдории тоҷикон Ҷаббор Расулов буд, ки муддати зиёда аз 30 сол зина ба зина Тоҷикистонро сарварӣ кард ва бо ободкориҳову хизматҳои шоиста аз