Панҷ нафар кормандони китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ду нафар кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми давраи омӯзишии даҳрӯзаи “Фаъолияти китобдорӣ” соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки аз таърих ва сохтори Китобхона, дастгоҳи маълумотдиҳандаи китоб ва тавлиди он, тарзи интихоби
Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов) аз шоирони навгӯ, тасвиргарост. Бештар шеъри нав мегӯяд, пайрави аз Суҳроби Сипеҳрӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Меҳди Ахавони Солис, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор дорад. Ҳанӯз солҳои 80 ва 90-и асри гузашта миёни ҷавонон бо шеърҳои хубу дилкаш маъруфият пайдо карда буд. Дилбастагӣ ба театр дорад ва як асари драмавии ӯро театри Қурғонтеппа ба саҳна гузошта буд.
Сиёвуш 20 июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1985 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корманди маркази вилоятии омўзиши фарҳанги мардум
Аҳмадҷони Раҳматзод 20-уми июли соли 1953 дар собиқ деҳшўрои ба номи Калинини ноҳияи Кагановичобод (ноҳияи Колхозобод) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи ноҳияи Хуҷандро тамом карда, ба факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Ленинобод дохил шудааст ва онро соли 1973 хатм намудааст.
Бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Косонсои вилояти Намангони Ўзбекистон омўзгорӣ кардаст. Солҳои 1975-1976 дар хидмати харбӣ будааст. Аз соли 1976 то соли 1991 дар идораи рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар вазифаҳои мухбир,
Аз ҷумла ҳунармандони варзидаи экстрадаи тоҷик, аз бунёдёдгузорони дастаи маъруфи ҳунарии “Гулшан”. Дар сурудани таронаҳо сабки хоси худро дорад. Хеле аз сурудҳояш, ки ҳарчанд солҳои 80-и асри гузашта суруда шудаанд, ҳоло ҳам миёни мардум маъруфият дорад.
Баҳодур Неъматов 20-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. Соли 1990 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатро хатм кардааст.
Аз соли 1977 дар ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекард. Аз январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии онро ба уҳда дошт.
Пиримқул Сатторӣ аз ҷумлаи шоирони навгӯ буд. Кори рӯзноманигорӣ мекард. Аз журналистони матраҳи Қурғонтеппа маҳсуб мешуд. Ҳадафи тири душманони истиқлолияти кишвар шуд ва дар синни 55-солагӣ кушта гардид.
Пиримқул Сатторӣ 1-уми августи соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон ба дунё омадааст.
Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанберо хатм карда аст. Ходими рўзномаҳои ноҳияи «Вахш» ва «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» будааст.
Шеърҳояш дар маҷмўаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Марде бо сурати сирати дарвешнамо, мӯй ва риши дароз, қомати баланд, вале сархам дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор мекард. Ҳамеша ӯро ғарқи дарёи андеша медиданд. Марде мерафт дар ҷодаҳо, ки ғарқоби андешаҳои худ ва мегуфтӣ ба ин дунё ва ин одамон ӯ коре надорад ва дар як дунёи дигари андешаҳо ғӯтавар аст.
Ва чунин ҳам буд. Вай дар ҳамон оламе ва бо ҳамон одамоне мезист, ки асрори эҷодашонро мавриди таҳқиқу таҳлил ва пажуҳиш қарор дода буд. Аз Рӯдакӣ то Турсунзода.
Алиқул Девонақулов донишманди пуркору заковатманд буда,