Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат ва рӯзи нигоҳубини гулу сабзаву дарахтон буд.
Тобистони гарми имсол бо гармои бесобиақааш дар ин 10 соли охир водор кард, ки кабудизор дар ҳар гӯшаи шаҳр нигоҳубини вижа дошта бошад. Ҳавои гармро баъзе рустаниҳо ва гулҳо таҳаммул надоранд ва агар сари вақт об зерашон нарезад, зуд хушк менаванд ва он манзараҳои хебо аз миён мераванд.
Ин мусоҳибаи се соли пеш аст, ки дар “Нигоҳ” чоп шуда буд ва имрӯз, ки зодрӯзи маъруфтарин насРнависи муосир Баҳманёр аст, бо каме ихтисор нашр мекунам. Умедворам мақбули хонандагон қарор мегирад.
Нахуст мехостем дар бораи қадамҳои аввалинатон ба наср донем. Маъмулан ҳар касе мехоҳад ба майдони адабиёт ворид шавад, аввал шеър мегӯяд. Шумо чӣ?
- Ман наметавонам гӯям, ки нависанда шудан ин орзуи кӯдакии ман буд. Зеро то синфи 5 ман аслан ягон китоб нахонда будам. На китоби бачагона ва на китоб барои калонсолон. Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам
Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир аст. Дар навиштани ҳикоя дасти расо дорад. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Роман ҳам навишт бо номи “Шоҳаншоҳ”, вале ба иқрори худаш ин роман алҳол ҷойгоҳи худро дар адабиёт пайдо накард, чуноне ҳикояҳояшро мехонанд, романашро нахонданд.
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Зодрӯзи ӯ ба ин хотир ҷои гап дорад, ки рӯзи марги яке аз шинохтатарин фарзандони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд. Баъдҳо, вақте дар нишастҳои дӯстон сухан аз ин боб мерафт, бо шӯхӣ мегуфтанд: