Activities calendar

26 июля 2017

“Дил, руҳ ва инсон”-и донишманди маъруф Саидҷон Нодирӣ аз чоп баромад

Нашриёти «Донишварон» таҳти унвони «Дил, рўҳ ва инсон» рисолаи нави илмӣ-публитсистии Саидҷон Нодириро аз чоп баровард.
Рисолаи мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи пизишки маъруфи рўҳшиносу равоншифо, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мебошад, ки тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ бо табобати беморон солҳои тўлонӣ машғул аст.
Баъзе аз маводи ин рисола қаблан дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Русия ва Эрон интишор гардида, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бо хушнудӣ ва қадрдонӣ пазируфта шудааст.

Тафреҳ: Як ғазали дилчасп аз Хоҷа Ҳофиз

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯши валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дарафкан, ай соқӣ,
Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

Зи кӯи майкада баргаштаам зи роҳи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз.

Адиби лаҳистоние, ки дар бораи Тоҷикистон яке аз беҳтарин романҳои худро навишт

Коммунисти лаҳистонӣ ва марде, ки дар бораи Тоҷикистон як романи машҳури худро бахшид. Дӯстии хубе бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дошт. Аз ҷумлаи қурбониёни соли 1937 ва ба ҷурми сохтаву бофтаи фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ қатл шудааст.
Бруно Ясенский 17.7.1901 дар мавзеи Климонтови уезди Сандомир дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Нависандаи лаҳистонӣ ва рус. Соли 1922 донишгоҳи Краковро хатм кардааст.

Журналист, нависанда, вазир, пуштибони аҳли фарҳанг...

Яке аз муваффақтарин масъулони Ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар ҳар вазифае, ки фаъолият дошт, соҳа ба пешрафт ноил шуд. Бахусус, солҳои Истиқлолият, ки яке аз муҳимтарин соҳа: иттилоот ва фарҳангро сарварӣ мекард. Рушди санъату фарҳанги тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба номи ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад.

Сухане аз рўзгори шахсияти намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фарзанди асили Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, нависанда, академики Академияи байналмилалии иттилоотрасонӣ, узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон Бобохон Алиевич Маҳмадов.