Яке аз муваффақтарин масъулони Ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар ҳар вазифае, ки фаъолият дошт, соҳа ба пешрафт ноил шуд. Бахусус, солҳои Истиқлолият, ки яке аз муҳимтарин соҳа: иттилоот ва фарҳангро сарварӣ мекард. Рушди санъату фарҳанги тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба номи ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад.
Сухане аз рўзгори шахсияти намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фарзанди асили Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, нависанда, академики Академияи байналмилалии иттилоотрасонӣ, узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон Бобохон Алиевич Маҳмадов.
Маҳмадов Бобохон Алиевич 8 - июли соли 1950 дар деҳаи Кўҳнабалҷувони ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Соли 1968-1979 дар шўъбаи китобшиносии Ҳунаристони кооперативии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, соли 1970-1975 дар вазифаҳои гуногуни Иттиҳодияи Ҷумҳурияви савдои китоб ва ба фаъолияти рўноманигорӣ оғоз намудааст.
Таҳсилро дар шўъбаи ҳуқуқшиносии Универстети марксизм - ленинизми назди КМПК Тоҷикистон аз соли 1971-1975 ба анҷом расонидааст. Соли 1975-1977 сардори шуъбаи матбуот ва намоиши китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон буд. Аз соли 1982 Аълочии матбуоти СССР мебошад.
Соли 1982-1989 дар вазифаи сардори Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии савдои китоб фаъолит намуда, соли 1983 дар факултаи таъриху ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи С. Айнӣ таҳсили худро давом медиҳад.
Соли 1990-1992 Раиси Кумитаи давлатии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992-1994 Вазири матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1994 Рисолаи «Тоҷикистон» - ро интишор менамояд. Соли 1994-1997 дар вазифаи Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Сухан дар бораи Бобохон Маҳмадов зиёд аст, гуфтаҳо гуфта шуданд, ногуфтаҳо гуфта хоҳанд шуд. Матни боло аз “Самари умр” ном китобномаи шарҳиҳолии Бобохон Маҳмадов иқтибос шуд. Ин китобчаро соли 2000 Саидалӣ Муҳиддинов ба муносибати 50-солагии зодрӯзи Бобохон Маҳмадов омода кардааст ва дар бойгонии Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст. Ҳар касе майл дорад дар бораи ин арбоби давлатӣ бештар донад, метавонад ин китобча ва боз маводи зеринро мутолиа намояд:
Бахшида ба 1100- солагии давлати Сомониён: Руйдодҳои фарҳангӣ // Тоҷикистон. – 1998. – №2. – С.16.
Давронов, Д. То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд // Тоҷикистон. – 1998. – №12. – С.15.
Давронов, Д. Таҳлили ниёзи ҷомиа // Баҳори Аҷам. – 1998. – №7. – С.1.
Зиёев, У. Эстрадаи тоҷикро бояд эҳё кард // Чархи гардун. – 1998. – №24. – С.6-7.
Муҳиддинов, С. Бештар маърифат омўзем // Чархи гардун. – 1998. – №36 (108). – С.4.
Низомов, З. Раҳмонқулов А. Шарафи миллат аст фарҳанги воло // Баҳори Аҷам. – 1998. – №7. – С. 2-3.
Ҳамдам, А. Изҳори сипос: Ба Бобохон Маҳмадов барои таҷлили 50-солагии зодрўз ва 35- солагии фаъолияти эҷодӣ ва меҳнатӣ // Чархи гардун. – 1998. – №3 (26). – С.2.
Алиев, Ҷ. Маҳзани ёдгориҳои нодир ё худ осорхона статуси нав гирифт // Чархи гардун. – 1999. – №48 (172). – С. 5.
Аҳтамзод, Ш. Макони фарҳанг // Адабиёт ва санъат. – 1999. – №28 (980). – С.3.
Илм ва ҳаёт 10 сола шуд // Илм ва ҳаёт. – 1999. – №1-3. – С.3.
Меҳрафзун., Ҳомид Х. Ошёни «Андалеб» – ваҳдат аст: Фестивал- озмуни «Андалеб- 99» // Чархи гардун. – 1999. – №28 (152). – С.3.
Миров, М. Барои ҳунарманд аз маълумоти касби дида тарбияи завқ муҳимтар аст! // Чархи гардун. – 1999. – №48 (172). – С.8.
Табаров, М. Ба клубҳо чӣ шуд? Ё назаре ба дирўз, имрўз ва ояндаи онҳо // Ҷумҳурият. – 1999. – 24 феврал.
Давоми нек роҳатро…: Сармақолаи рўзномаи Баҳори Аҷам дар бораи Бобохон Алиевич Маҳмадов // Баҳори Аҷам. – 2000. – №1 (17). – С.1.
Муҳиддинов, С. Китобдор ҳам эҷодкор аст // Баҳори Аҷам. – 2000. – №1 (17). – С.2-3.
Орифов, Ш. Боиси ифтихор аст // Баҳори Аҷам. – 2000. – №1 (17). – С.2.
Муҳиддинов, С. Самари умр: Китобномаи шарҳиҳолии Бобохон Алиевич. – Душанбе, 2000. – 102 с.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ