Activities calendar

11 июля 2017

Оғози дарси омӯзишии рассомӣ дар Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллӣ барои хоҳишмандон дарси пулакии рассомӣ ташкил кард.
Дар радифи омӯзиши забонҳо Китобхонаи миллӣ барномаи дигари омӯзиширо роҳандозӣ намуд. Акнун хоҳишмандон метавонанд дар ин боргоҳи маърифат давраи омӯзишии рассомиро ҳам пушти сар кунанд.
Дарси рассомӣ аз ҷониби мураббиёни ботаҷрибаи соҳа гузаронида мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллӣ

Ҷаласаи навбатии Шӯрои бонувон дар Китобхонаи миллӣ

Ҷаласаи Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ, ки рӯзи  8-уми июли соли равон баргузор шуд, аслан масъалаи риояи Қонун “Дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Шуъбаи нигаҳдории китоб ва махзани он

Маҳзани шуъбаи нигаҳдории китоб дорои  2279502  нусха китоб  иборат буда аз он 174546 нусха ба забони тоҷикӣ, 2056810 ба забони русӣ, 48146 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Шумораи китоб аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Ҳайтаи кормандон шуъбаро 36 нафар кормандони пуртаҷрибаи  баландихтисос   ташкил медиҳанд.

Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат чоп шуд

Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад.
Гуфтанист, ки китоби мазкур дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст.

Дар ин маҷмўа суханҳои ҳикматомўзи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, таърих, забони модарӣ, одобу ахлоқ, таълиму тарбия, занону бонувон, ҷавонон, ҷашни Наврўз, Конститутсияи ҷумҳурӣ, фароҳам оварда шудаанд.