Чаро Замин меҷунбад?

Вақтҳои охир Замин дар Тоҷикистон зиёд меҷунбад ва ҳар боре он такон мехӯрад, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз хабар мешаванд. Ташвишу изтироби сокинон қобили дарк аст. Кишвари мо ҳам дар гузашта шоҳиди заминларзаҳои харобиоваре будааст ва ҳар боре аз онҳо ёд меояд, ҷигарҳо барои рафтагон пурармон хун мегирянд. Аммо чаро замин меҷунбад ва зилзилаҳои харобкор дар кишвари мо кадом анд? Посухи ин суолро аз м атлаби зер метавонед пайдо кунед, ки аз Энсиклопедияи Советии тоҷик рӯнавис шудааст.

Заминҷунбӣ

Зилзила, зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи Замин, ки дар натиҷаи баъзе просесҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Манбаи Замин ҷоест, ки дар он қабатҳои  ҷинсҳои кўҳӣ ба сабаби фурўравиҳо дар қаъри Замин оташфишонии вулқон ва ҳаракатҳои тектоникӣ нисбат ба якдигар якбора мелағзанд ва зарбаи зеризаминӣ ба амал меояд.

Ҳар сол дар ҷаҳон садҳо ҳазор заминларза ба амал меояд, ки аксари онҳо чун зарбаҳои суст танҳо бо асбобҳои махсус қайд карда мешаванд. Ин гуна асбобҳо сеймографҳо ном доранд, ҷунбишҳои замин ё ҳолати оромии онро мунтазам сабт мекунанд. Фақат ягон – ягон заминларзаҳои харобиовар ва аз он ҳам камтар заминларзаҳои фалокатбор рўй медиҳанд. Сабабҳои пайдоиш ва механизми заминларзаро сейсмология меомузад.

Манбаи заминларза аз ҳаҷми муайяни ҷинсҳои қўҳӣ  иборат аст, ки энергияи калони бо таъсири протсесҳои физикавию химиявӣ дар он ҷамъ шуда, дар фосилаи кўтоҳи вақт хориҷ мешавад ва ҳамчунин лапишҳои зилзила ба атроф паҳн мешавад. Аз нуқтаи назари геологӣ манбаи заминларза аз тарқиш ё силсилаи  тарқишҳо  дар ҷинсҳои кўҳии дохили Замин  иборат аст, ки қад – қади онҳо лағзиши лаҳзавии ҷинсхои кўҳӣ  ба амал меояд. Масоҳати тарқиш ба миқдори энергияи хориҷшуда мутаносуби роста аст.

Дар сарзамини Тоҷикистон ҳар сол то 2000  зарбаҳои зеризаминӣ ба қайд гирифта мешаванд, аммо фақат қисми ками онҳоро одамон дарк карда метавонанд. Дар ин ҷо тақрибан 3 - 4 сол як мартиба замиҷунбиҳои сахт ба ҳисоби миёна дар ҳар 10-15 сол як маротиба заминларзаҳои фалокатбор ба амал меояд. Заминларзаҳои Қаротоғ, Сарез ва Ҳоит барои Тоҷикистон фалокати воқеӣ буданд. Заминҷунбии Қаратоғ (1907), ки дар шохаҳои ҷангалу кўҳҳои Ҳисор ба вуҷуд омад, аз силсилаи зарбаҳои зеризаминӣ иборат буд ва аз зери замин ғулғулаи сахте шунида мешуд. Махсусан се зарба сахтарин буданд, ки фосилаи байни онҳо 15 дақиқаро ташкил  медод. Ларзиши 9-10 балла майдони 2000 км2- ро фаро гирифт. Дар нишебиҳои кўҳ табақаҳои замин ва ҷинсҳои кўҳӣ фурў рафта, тарқишҳо ба амал омадаанд. Дар натиҷаи ин заминларза 150 қишлоқ хароб ва бештар аз 1000 кас ҳалок гардид. Зарбаҳои 4 балларо дар масофаи 400-500 км берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳис кардан мумкин буд. Осори заминларзаи Қаратоғ то ба имрўз боқӣ мондааст. Ҳангоми мушоҳидаи мавзеи зилзила ҳудуди ҷинсҳои кўҳиеро, ки ба болои собиқ деҳаи Қаратоғ фурў рехтаанд, бо осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Сатҳи ин ҷинсҳоро  фақат ҷо – ҷо  гиёҳу буттаҳо ва ягон – ягон дарахтон пушидаанд.

Зилзилаи Сарез (1911) дар қисми марказии Помир ба вуҷуд омад. Кўҳе, ки ба води деҳаи Мурғоб фурў рафт, пеши дараи Мурғобро гирифт ва «дарғот»- и массаи ҳаҷмаш 20.105 м3 баландиаш 600-700 м, тўлаш 6 км ва бари асосаш 4 км – ро ба амал овард. Деҳаи Усой пурра зери кўҳ монд. Дарёи пешбаншуда кўли кўҳиеро ба вуҷуд овард, ки 20 км дарозӣ дорад. Деҳаи кўҳии Сарез зери оби ин кўл нопадид гашт ва кўли пайдошуда номи ин деҳаро гирифт. Деҳаҳои ба эпитсентри заминларза наздик вайрон шуда зарбаҳои 4 балла дар масофаи то 200 – 250 км ҳис карда шуданд.

Зилзилаи Ҳоит (1949) дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Қаротегин ба амал омад. Ларзиши ниҳоят сахти 9-10 балла  майдони 600 км2 – ро фаро гирифт.  Дар вақти заминларза қисми болои кўҳи Чуқурак канда шуда, ба дараи оби Ҳавз афтид ва маркази райони Ҳоитро  гўронд. Заминларзаи Ҳоит ба 150 маҳалли аҳолинишин зарар расонд. Дар пўштакўҳхо  ва суфакўҳҳо тарқишҳо пайдо шуда фуруравии сатҳи Замин ба амал омад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон осори заминларзаҳои  заминҷунбиҳои қадим кўҳҳои урён тармаҳо ҷойҳои фурўрафта, тарқишҳои калон ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин. Аз эҳтимол дур нест, ки пайдоиши Яшикўл ва Заркўл дар Помир, кўли дараи Ҳавз дар Ҳоит, кўлҳои Пайрон дар маркази Тоҷикистон ба заминларза вобаста бошанд.

Вобаста ба хатари заминҷунбӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи биноҳои истиқоматию иншоотҳои саноатӣ чораҳои саноатӣ чораҳои антисейсмикӣ меандешанд. Аз солҳои 60 – ум коркарди усулҳои  пешгўӣ кардани вақти сарзании  заминларзаҳои сахт оғоз ёфт. Барои ин омўхтани аломатҳои пешакии заминларза зарбаҳои пешакии суст (форшокҳо) хамшавии сусти  майдони магнитии маҳал ва хусусиятҳои чандирии ҷинсҳои кўҳӣ тағйирёбии консентратсияи радон ва газҳои дигар дар обҳои зеризаминӣ ва ғайра зарур  аст.

Дар асоси мушоҳидаҳои геологӣ геофизикӣ ва сейсмологӣ харитаҳои сейсмӣ мураттаб мешаванд. Дар ин харитаҳо қувваи эҳтимолии замин ва мавзеҳои он қайд мегарданд. Заминларза барои омўхтани мавҷҳои сейсмӣ, сохти дохилӣ ва протссесҳое, ки дар қаъри Замин рух медиҳанд аҳамияти калон дорад.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи заминларза боз ин матолибро ҳам метавонед мутолиа намоед:

Конёв, Ф. Ф. Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи АФ РСС Тоҷикистон: Муассисаи тадқиқотҳои илмӣ // Энсклопедияи Совети Тоҷик. – 1980. – Ҷ.2. – С. 598.

Ҳасанов, А.Ҳ. Баъзе фикру мулоҳизаҳо дар бораи зилзила. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 32 с.

Белеев А. Асрори шаҳраки зеризаминӣ:  Ҷунбиш. – Душанбе: Адиб, 1991. – 336 с.

Зилзила ва сабабҳои он. – Душанбе: Ирфон,1964. – С. 8-12,29,37,39.

Содиқов, Ҳ.У. Селицер, С. И. Методикаи таълими кинематикаи лаппиш бо истифода бурдани баъзе масъалаҳои сейсмология // Мактаби советӣ. – 1967. – №12. – С. 44-47.

Преснухин, В. И. Фурўравии замин барои хоҷагии қишлоқ хатарнок аст  // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. – 1974. – №3. – С. 50.

Муҳабатов, Х. Сарвати кўҳсори мо: Дар бораи кофтуковҳои зеризаминӣ // Садои Шарқ. – 1974. – № 8. – С. 105.

Дар ҷустуҷўи осори зилзила: Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АФ Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ мегузаронад. – Душанбе, 1979. – С. 8-14.

Мирзоев, К. «Калиди гармӣ»- и омўзиши асрори зилзила: Гурўҳи олимони тоҷик модели нави донистани манбаи заминҷунбиро пешниҳод карданд // Уфуқҳои илм. – Душанбе,1981. – С. 11-13.

Бобоев, А. Кўҳсор ва ташхиси зилзила // Садои Шарқ. – 1982. – №10. – С. 78-82.

Морозов, В., Корсунский, Л. Чу узве ба дард оварад рўзгор: Дар бораи зилзилаи шаҳри Қайроқум ва райони Хуҷанди вилояти Ленинобод // Агигатори Тоҷикистон. – 1985. – №24. – С. 34-37.

Ҳусейнов, М. Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт: Дар бораи зилзилаи вилояти Ленинобод // Занони Тоҷикистон. – 1986. – № 4. – С.7.

Шомаҳмадов, А. Заминҷунбӣ ва оқибатҳои он // Илм ва ҳаёт. – 1990. –      №4. – С. 34-35.

Магел, Ю. Асбоби зилзиласанҷ чӣ мегўяд?: Мусоҳиба бо ҷонишини директори Институти зилзиласанҷии АИ ҶШС Тоҷик С. В. Кожаринов // Тоҷикистон. – 1990. – №4. – С.12-13.

Қурбонов, Н. Бо вуҷудоии ҳодисоти фавқулода // Илм ва ҳаёт. – 2014. – №4. – С. 10-11.

Карим, Р. Чаро замин меҷунбад? // Сарзамин. – 2016. – январ, феврал. – С. 29.

Абдуалимов, Б.Таъмини бехатарӣ меҳвари қонун «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аст: Суҳбати Б. Каримзода бо муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов дар бораи хатари  сейсмикӣ (заминҷунбӣ) // Садои мардум. – 2017. – 14 март.

Муродов, Б. ( Баҳром) Риояи қоидаҳои заминҷунбӣ: Оиди гузаронидани соати тарбиявӣ дар бораи заминҷунбӣ // Мактаб. – 2018. – №6. – С. 14-17.

Нишонова, Р. Заминларза ва роҳҳои рафъи оқибатҳои он // Маърифати омўзгор. – 2020. – №6. – С. 56-57.

Бозчоп аз Энсклопедияи Советии тоҷик. – Душанбе,1980. – С. 490-492.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.