Оё мо жанрҳои киноро медонем?

Жанрҳои кино, гурўҳи асарҳои кино, ки бо хусусиятҳои шабеҳи сохтори дохилияшон аз ҳам фарқ мекунанд. Жанрҳои кино ба таври комил мушаххас набуда, номи бештари онҳо аз жанрҳои адабӣ ва дигар ҳунарҳои бадеӣ гирифта шудаанд. Мафҳуми «жанри кино» бо зуҳури студияи кинои Ҳолливуд шакл гирифтааст. Замоне, ки студияҳо филмҳои зиёд истеҳсол  мекарданд, барои табақабандии онҳо филмноманависон аз қолабҳои гуногун истифода менамуданд.

Ҳар як студия дар як сабки муайян филм истеҳсол мекард (мас. Paramount Pictures – дар жанри ҳаҷв, Universal Studios – филмҳои даҳшатовар, Metro Goldwyn-Maeyr – мюзикл). Бисёр жанрҳое, ки имрўз маъмуланд, асосан аз 3 жанри бунёдӣ: мелодрама, мазҳака ва экшн ба вуҷуд омаданд. Ҳоло жанри кино сохтори дақиқ надоранд. Умуман филмҳо ба чор намуд: бадеӣ, мустанад, тавсирӣ (аниматсионӣ) ва таркибӣ ҷудо мешаванд.

Филмҳои бадеӣ дар асоси сабк, мавзуъ, доираи тамошогарон (аудитория), навъи сохт ба жанрҳо ва зержанрҳо тақсимбандӣ мегарданд. Аз рўйи сабк: экшн; саргузаштӣ; ҳаҷвӣ ё мазҳака (ҳаҷви лирикӣ, ҳаҷви экссентрикӣ, ҳаҷви мусиқавӣ, танз, тақлид); ҳаҷви фоҷавӣ (трагикомедия); драма (драмаи ҳаҷвӣ, драмаи таърихӣ, драмаи ҷиноӣ, мелодрама, фоҷиа); ҳамосӣ (эпика ё киноэпопея); романтикӣ ҳаҷви романтикӣфентези (хаёлпардозии муосир, танзи тахайюлӣ, афсона); детективҳаяҷонӣ ё треллер (тавтеа, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ); вестерн; таърихӣ (шарҳиҳолӣ, киноповест, таърихӣ-инқилобӣ); даҳшатовар (ҷиалло, слэшер, готика); мюзикл; порнографӣ; муаммоӣ; илмӣ-тахайюлӣ мешаванд.

Жанри кино инчунин аз рўйи мавзуъ гангстерӣ (сирқату ҷиноят), рақсӣ (ҳип-ҳоп), фоҷиавӣ, экологӣ (мушкилоти муҳити зист), варзишӣ, ҳунарҳои рамзӣ, ҷосусӣ, ҷангӣ, абарқаҳрамонӣ, роҳзанҳои баҳрӣ, зиндон, ҳаюлоӣ ё албастӣ (хуношом, гургина, зомбӣ) ва ғайра; мувофиқи доираи тамошогарон (аудитория) кўдакона, хонаводагӣ ҷавонӣ, занона ва ғайра; аз рўйи навъи сохт ё ироаи тасвир 3D, антология, сиёҳу сафед, суратӣ камхазина ва амсоли инҳо мешаванд.

Филмҳои мустанад (ҳуҷҷатӣ), тасвирӣ (аниматсионӣ) ва артҳаус (англ art hause – « хонаи ҳунар») низ жанрҳои худро доранд. Жанри филмҳои мустанад: филми ҳасбиҳолӣ, таърихӣ, эссе, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ, таҳқиқӣ, этнографӣ, антропологӣ портрет, муҳосибавӣ, тарғибӣ ва ғайра.

Филмҳои тасвири (аниматсионӣ) ба се гурӯҳ (лухтакӣ, наққошӣ ва компютерӣ) ва мувофиқи доираи тамошогарон ба ду гурўҳ (барои тамошогарони хурдсолу наврас ва калонсол) ҷудо шуда аз лиҳози мазмун, шакл, услуб, давомнокӣ ба жанрҳои афсонавӣ, фентези, мюзикл, танз романтикӣ, саргузаштӣ ва амсоли инҳо гурўҳбандӣ мешаванд.

Дар филмҳои артҳаус қолабҳои маъмули жанрӣ риоя намешаванд. Дар онҳо сохти олами ҳастӣ аз назари шахс инъикос меёбад ва ғаму шодӣ, фоҷеа, танз, драма ва мюзикл дар як филм ба ҳам тавъам омада, мақсаду мароми муаллиф, назари хосси ў нисбат ба зиндагӣ баррасӣ мегардад.

Хусусиятҳои жанрии асари киноро ғолибан барои реклама ва тарғиби филмҳои бадеии тиҷоратӣ истифода мебаранд, то ки тамошогар дар вақти интихоби филм раҳнамо дошта бошад. Ҳамчунин, табақабандии кино ба жанрҳо барои киношиносон низ дар таҳқиқи кино аҳаммият дорад.

Дар таърихи кинои тоҷик ҳам дар филмҳои бадеии тиҷоратӣ ва ҳам артҳауси муфассалу кўтоҳ ва ҳам филмҳои мустанад ва тасвирӣ рушди жанрҳо мушоҳида мешавад. Ба ин дастовардҳои синамогарони тоҷик К. Ёрматов, Б. Кимёгаров, Т. Собиров [дар жанри кинои ҳамоса (эпикӣ), драма, драмаи таърихӣ, мюзикл], Д. Худойназаров (жанри кинои мустанад, кўтоҳметраж, драма, таърихӣ), В. Аҳмадов, Б. Худойназаров (детектив, моҷароӣ, ҳаҷв, драма, драмаи таърихӣ, драмаи экологӣ, мелодрама, трагикомедия, мустанад, кўтоҳметраж), М. Юсуфова, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, С. Ҳақдодов, Ҷ. Усмонов (мустанад, фэнтези, драма, комедия), Сафарбеки Солеҳ (жанри кинои мустанад), Г. Мирзоева (жанри кинои мустанад) Б. Қаҳҳоров (жанри кинои тасвирӣ) ва дигарон шаҳодат медиҳанд.

Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6. – С. 444.

Муаллифон: С. Раҳимов, Н. Акбар

Таҳияи Аниса Набиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.