Ҳабиб Юсуфӣ: “Ман фақат аз роҳи Берлин ба Сталинобод хоҳам бозгашт...”

Рӯят чу маҳ аст, лек бо ин ту маноз,
Зебост қадат, вале ба ин фахр масоз.
Ҳар гоҳ шавад Ватан зи корат мамнун,
Он гоҳ бигӯ, ки табли шодӣ бинавоз!

Ин як рубоӣ аз шоири маъруф, шаҳиди роҳи озодӣ Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки овардем. Чаро маҳз аз ин рӯбоӣ хостем сухан оғоз кунем? Ҳабиб Юсуфӣ шоире буд сӯхтаи ишқи Ватан, муҳаббати беҳадду канор ба миллату меҳани худ дошт. Ҳар сатри девону дафтараш бӯйи Ватан мекунад. Дар ҳамин рубоӣ ҳам, ки мазмунан васфи ҷамоли маҳбуби дилаш аст, вале мегӯяд ҳусн он аст, ки Ватан аз корат хурсанд шавад.

Аммо дареғо ин меҳанпарасти асил дар айни балоғати эҷодӣ ва камоли маънавӣ бо тири адӯ дар ҷанг ҳалок шуд. Вале ин шаҳодат исми ӯро миёни ҳаммеҳанонаш маъруф сохт ва то каломи тоҷикӣ барҷост, шеъри ӯро хоҳанд хонд. Ва ин калом то олам ҳаст, барҷо хоҳад монд ва шеъри ӯро то олам ҳаст, хоҳанд хонд.
Юсуфӣ Ҳабиб (Юсуфов Ҳабибулло)  соли 1916 дар Самарқанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди падараш, ки донандаи хуби адабиёт буд, фаро гирифтааст.

Соли 1940 факултаи филологии Университети давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз солҳои 1939-1940 дар Университети мазкур аз адабиёти қадими Юнон ва адабиёти рус дарс гуфтааст. Солҳои 1940-42 мудири бахши  адабиёт ва ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АФ СССР буд. Аввали соли 1942 ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафта, аввал омўзишгоҳи ҳарбиро хатм намудааст. Моҳи марти соли 1943 дар рутбаи лейтенант ба сифати фармондеҳи батареияи артиллерӣ ба ҷабҳаи Ленинград фиристода шуд.

Ў дар набардҳои озод кардани Ленинград, ҷумҳуриҳои  Назди Балтик ва Лаҳистон иштирок намуда, дар муҳорибаҳои шадиди назди Варшава сахт маҷрўҳ шуда, пас аз ҷарроҳии вазнин ба қавле 15 уми феврал ва ба қавли дигар 22-уми феврали соли 1945, ҳамагӣ дувуним моҳ пеш аз пирӯзӣ ҳалок шудааст.

Эҳтимоли он вуҷуд доштааст, ки дар Тоҷикистон тасмим ба ақибгоҳ овардани Юсуфӣ аз хати ҷабҳа гирифта шуда буд. Ва ин овоза ба гӯши адиб расидаву дар номае ба устод Айнӣ гуфтааст, ки баъди озодии Берлин ба меҳан бармегардад. Адабиётшиноси маъруф, Худойназар Асосода ин номаро дар китобаш чоп кардааст. Мазмуни нома як бори дигар ба меҳандӯсти асил будани шоир ишора мекунад.

“Шунидам, ки баъзе аз дӯстон барои боз баргардонидани ман ба Сталинобод мекӯшанд. Аз ишон басе сипосгузорам, ки бандаро мавриди меҳр ва  лутфи худашон қарор додаанд. Вале ба ишон лутф намуда, бигӯед, ки ман фақат аз роҳи Берлин ба  Сталинобод  хоҳам бозгашт”.

Ҳабиб Юсуфӣ дар бораи адабиёти бадеӣ ва санъати шеър аввалин бор аз падараш маълумот гирифтааст. Шеърҳои навмашқонаи ў дар 17-солагиаш навишта шудаанд, аммо нахустин намунаҳои онҳо дар матбуоти даврӣ соли 1936 ба табъ расидаанд.

Маҷмўаи  «Таронаи Ватан» (1939), ки ягона китоби ашъори шоир буда, ки  дар айёми зиндагии ў интишор ёфтааст. Шеъру достонҳои Юсуфӣ дар мавзўҳои гуногун таълиф ёфтаанд. Шеърҳо ва силсилаи мақолаҳое, ки Юсуфӣ дар тўли 7-8 сол таълиф кардааст, аз муҳаббати халқу  Ватан саршоранд. Дар ашъори ў ҳиссиёти ватандўстии  советӣ бо роҳи ифодаи  ягонагии тақдири тамоми  мамлакати советӣ зоҳир шудааст.

Ишқи дили ман на ишқи Фарҳод бувад,

Кори дили ман на доду фарёд бувад.

Ишқест, ки дил зи ҳастияш шод бувад,

Аз ғуссаву кулфату ғам озод бувад.

         Юсуфӣ дар достонсароӣ низ қувва озмуда, ба баъзе муваффақиятҳо ноил гардидааст. Ў  яке аз муаллифони достони «Оби ҳаёт» (ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) мебошад. Аз бойгонии шоир «Достони  нотамом»-е низ пайдо шудааст, ки дар он аз сулҳу салоҳ, самараи сотсиализм, тантанаи ақлу хирад ва қудрати дасти инсон сухан меравад.

Аз мактубҳояш бармеояд, ки ў ба навиштани як «романи манзум» низ шурўъ карда будааст, вале ба охир расидан ё нарасидани он маълум нест. Охирин шеъри Юсуфӣ, ки ҳоло ба даст омадааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дошта, дар бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ Тоҷикистон маҳфуз аст. Ин шеър дар хандақҳои ҷабҳаи Ленинград таълиф шудааст ва ҳикояти пурҳаяҷоне аз наздик расидани рўзи Ғалаба мебошад.

         Як ҳиссаи калони эҷодиёти Юсуфӣ аз тарҷумаи бадеӣ  фароҳам омадааст. Шеъру достонҳои А.С.Пушкин «Бандии Кавказ», «Бародарони ғоратгар», М. Лермонтов «Иблис», «Ба вафоти шоир», масалҳои И. А. Крилов «Хар ва булбул», «Баргҳо ва решаҳо» аз тарафи ў ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Шеърҳо ва баъзе мақолаҳои  танқидии ў бо забони русӣ ва дигар забони халқҳои Аврупо тарҷума шудаанд.

 Соли 1944 бо ордени «Ситораи Сурх» ва соли 1943 медали «Барои мудофиаи Ленинград» сарфароз гардидааст.  

Аз соли 1939 узви Иттифоқи нависандагони  СССР буд.

Охирин маҷмуаи ашъори Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷониби адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов бо нои “Роҳи нотамом” дар ду ҷилд чоп шудааст.

               Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳабиб Юсуфӣ-шоири ҷанговар ва меҳанпарасти асил ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонанд бихонанд:

         Юсуфӣ, Ҳ. Роҳи нотамом: Маҷмўаи ашъор ва мақолаҳо / Тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухану тавзеҳот Ҳ. Шодиқулов. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 258 с.

Юсуфӣ, Ҳ. Маъзур; Достони нотамом: Шеърҳо // Қурбони ту, эй диёри ишқам. – Душанбе. – 1984. – С. 37-42.

Юсуфӣ, Ҳ. Сатрҳои нотамом: Мақолаҳо, намунаҳои мукотиба ва аз «Дафтари ёдбуд». – Душанбе: Адиб, 1987. – 256 с.

         Юсуфӣ, Ҳ. Ту аз падари худ биёмўз // Меҳри падар. – Душанбе. – 1988. – С. 58-61.

         Юсуфӣ, Ҳ. Масўзон номаҳоям: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1979. – 9 июн.

Юсуфӣ, Ҳ. Эй қалам: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 11 ноябр.

Юсуфӣ, Ҳ. Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар: Шеър // Садои Шарқ. – 2015. – № 5. – С. 13.

         Юсуфӣ, Ҳ. Ишқи Ватан: Шеър // Омўзгор. – 2015. – 20 феврал.

Юсуфӣ, Ҳ. Ватани дил: Шеър дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ // Садои мардум. – 2015. – 6 май.

         Юсуфӣ, Ҳ. Ҳабибулло Назаров ва Карим Девона муродифи ҳамдигаранд // Чархи гардун. – 2016. – 1 июн.

 

Дар бораи Ҳабиб Юсуфӣ

         Ҳабиб Юсуфӣ (1916-1945): Дар бораи эҷодиёташ // Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. – Сталинобод. – 1957. – Қ.2. – С. 490-521.

         Маъсумӣ, Н. Ба Ҳабиб Юсуфӣ // Маъсумӣ, Н. Маҷмўаи ашъор. – Душанбе. – 1988. – С. 70.

Шарофов, М., Эгамбердиев, Р. Зиндааст мурдае, ки ҳама ёд мекунанд: Дар бораи шоири ҷанговар Ҳ. Юсуфӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 25 сентябр.

Абдулғафур, Х. Мотами сухан: Шеър ба ёди Ҳабиб Юсуфӣ // Паёми Душанбе. – 1991. – 26 апрел.

Ҳаниф, Ш. Уқоби захмӣ: Романи ҳуҷҷатӣ ба шоир Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шудааст // Садои Шарқ. – 1994. – № 1. – С. 10-53.

Шахсияти достонӣ: Ба пешвози 90-солагии шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ // Омўзгор. – 2006. – 13 октябр.

Муродова, Г. Таълими тарҷумаи ҳол ва лирикаи Ҳабиб Юсуфӣ // Маърифати омўзгорӣ. – 2015. – №9-10. – С. 41-48.

Назирӣ, Н. Нақди Ҳабиб Юсуфӣ: Андешаҳои шоирони муосир роҷеъ ба нақди адабии Ҳабиб Юсуфӣ // Ҷумҳурият. – 2015. – 2 апрел.

Хубон, А. Ман ҷониби ту равам Зафарманд: Мактубҳои фронтии Ҳабиб Юсуфӣ // Адабиёт ва санъат . – 2016. – 5 май.

Ҳомидова, Г. Шоири ҷанговар ва таронасарои Ватан: Оиди ҳаёт ва фаъолияти шоири маҳбуб Ҳабиб Юсуфӣ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 6 май.

 

Бо истифода аз маводҳои энсиклопедӣ
таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ