Суоли хонанда. Посухи мо

 Салом ба ҳамаи кормандони сомонаи Китобхонаи миллӣ. Як пурсиш доштам. Замоне унвоне доштем бо номи Китобдори Хизматнишондода. Оё ин унвон ҳоло ҳам вуҷуд дорад? Агар вуҷуд дорад, он ба киҳо бояд дода шавад? Масъули эътои он кадом ниҳод аст? То кунун дар кишвар чанд нафар соҳиби ин унвонанд?

 Бо эҳтиром Саҳобиддин Амирҷонов, китобдор.

 Посух: Хонандаи азиз Саҳобиддин Амирҷонов! Барои таваҷҷуҳатон ба сомонаи мо изҳори сипос мекунем. То ҷойе аниқ кардем, ин унвон то замони Истиқлол буд ва ҳоло вуҷуд надорад.

 Ин маълумотномаро аз Энсиклопедияи Советии тоҷик бароятон иқтибос меорем. Обод бошед!

 Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, унвони фахрӣ. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи муқаррар кардани унвони Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон аз 9 маи 1957 таъсис ёфт. Унвони Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ба директорон, мудирон, китобдорон, библиографҳо, методистони китобхонаҳои системаи Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон, кормандони муассисаю ташкилотҳо, инчунин инспекторони управленияҳои маданию маърифатии муассисаҳои ҳамаи вазорат ва инспекторони управленияҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои маданияти Совети депутатҳои халқӣ ва иттифоқҳои касаба, ки дар давоми камаш 11 соли фаъолияти кориашон бенуқсон хизмат кардаанд, дода мешавад.

 Шахсони ба ин ном  соҳибшуда Грамотаи Фахрии Президиуми  Совети Олии РСС Тоҷикистон ва нишони сарисинагӣ мегиранд. Мувофиқи укази Президиуми  Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 январи 1964 номи китобдор ба унвони Фахрии Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон иваз карда шуд. Ба унвони Китобдор ва нишони сарисинагӣ шахсони зерин ноил шудаанд:

1957: С. Иброҳимов, С.Х. Икромова, Л.В. Люперсольская, Т.А. Моисенко,  А. Неъматов, Е.В. Сперанская, Р.О. Тальман, М. Қосимова

1958: С. Акимшоева, Н.О. Бутковская,  Е.К. Егошина, Е.А.   Хохлова;

1959: А.П. Синисина;

1961: О. Азимова, О. Алидўстова, В.Ф. Ансупова, М. Аҳмадова, Н. Бойназарова, С. Бурҳонова, Е.В. Воронина, Л.А. Дектарева, Ҳ. Карагузина, Т.А. Ламзина, Х. Маҳкамова, М. Маҳмудова, Т.А. Морозова, Э. Муҳаммадиев,  Ш. Осимова, З.Г. Полунина, М.Т. Прахова, К.Н. Сапрыкина, Т.А. Скворцова, А. Собирова, Ҳ. Солибоева, Г.М. Сушко, З.М. Шевченко, М.А. Шутова, О. Юсуфова.

Бозчоп аз ЭСТ. – 1981. – Ҷ.3. – С. 332.

Муаллиф: Ҷ. Каримов.         

Таҳияи Марзия Зардодхонова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.