Activities calendar

07 апреля 2020

Оинадори Фарангу Ховар

Ин китоб аз мақолаҳо, нақду баррасӣ ва меҳрномаву шеърҳое фароҳам омадааст, ки ба 75-солагии адабиётшиноси маъруф, тарҷумашинос, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов бахшида шудааст. Муаллифони нуқтасанҷ, ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон роҳи дар зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабӣ содиқона тайнамудаи ин муҳаққиқи пухтакори тоҷикро бо самимият ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Абдурашид Самадов соли 1945 дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд таваллуд ёфта, соли 1961 мактаби миёнаро хатм намудааст.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Вергилий ( Солҳои 70–19 то мелод )

Публий Вергилий Марон дар шимоли Италя ба дунё омада, маълумотро дар Кремонс ва Рум гирифтааст. Қисмати зиёди умрашро Вергилий дар маҳалли худ, дар Андаҳ ва баъд дар Компаний гузаронидааст.Асари нахустини ў «Буколикаҳо» ё «Экологаҳо» буда, аз 10 суруди чўпонӣ иборат аст.

Ҳаракат дар ин асар бо назардошти манзараҳои табиат, ки худи адиб мафтуни он буд, тасвир ёфтааст. Ҳамин хусусият, махсусан дар қисматҳои якум ва сеюми он равшан ба назар мерасад. Инчунин қисмати аввал ва нўҳум характери тарҷумаҳолӣ дошта, дар қисмати

Офтобо равшанӣ гир аз дили Равшандилон...

Ин аз чорпораест, ки дар васфи маҳфили “Равшандилон” суруда шудааст ва ҳар нишасти он бо ҳамин мисраҳо оғоз мешавад. Охирин маҳфили “Равшандилон” наврӯзӣ буд. Наврӯз ягона ҷашнвораи миллист, ки кӯҳнашавӣ надорад ва ин бор ҳам, ки охири март аъзои маҳфил гирди ҳам омаданд, нишасти худро наврӯзӣ номиданд.