Офтобо равшанӣ гир аз дили Равшандилон...
Нашр шуд 2020-04-07 10:30
Ин аз чорпораест, ки дар васфи маҳфили “Равшандилон” суруда шудааст ва ҳар нишасти он бо ҳамин мисраҳо оғоз мешавад. Охирин маҳфили “Равшандилон” наврӯзӣ буд. Наврӯз ягона ҷашнвораи миллист, ки кӯҳнашавӣ надорад ва ин бор ҳам, ки охири март аъзои маҳфил гирди ҳам омаданд, нишасти худро наврӯзӣ номиданд. Дар ин нишаст шеърҳо, ҳикоятҳо, нақлҳо, шӯхиҳо ҳама наврӯзӣ буданд. Фазо наврӯзӣ буд, муҳит бӯи Наврӯз мекард.
Шоири маъруфи Хайрандеш, ки гардонанди ин маҳфил аст, боз ҳам бо ҳамон чорпорае, ки ёд кардем, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид:
Офтобо, равшанӣ гир аз дили Равшандилон,
Равшанистон ҳаст кишту ҳосили Равшандилон.
Равшан аст андешаву обу гили Равшандилон,
Зиндагӣ равшан шавад аз маҳфили Равшандилон.
Ва баъди сухани табрикии наврӯзӣ шоири маҳбуб аз Наврӯз ҳикоят кард ва сайри кутоҳе ба таърихи он намуд ва сипас бахшҳои маҳфил оғоз шуданд.
Дар бахши “Афрӯза”, ки нақли китоби ба тозагӣ хондашударо дар бар мегирад, Ҳусейни Нурмуҳаммад аз асари мондагори «Муаллими сахтгир»-и Б.Фирўз нақлҳо кард ва ширкаткунандагонро ба муҳтаво ва қаҳрамонони он ошно намуд. Вай гуфт, ки “Муаллими сахтгир”-ро ба тозагӣ хондааст.
Хомисаи Аюбзод дар бахши “Афроза” шеъру рубоиҳои халқӣ қироат кард ва баъзе аз ин рубоиҳоро шарҳ дод.
Дар бахшҳои дигари маҳфил равзанаҳои “Афшона”, “Афшина”, “Ангеза” ва “Андеша” бо қироати шоҳбайту зарбулмасал, чистону ҳикоя ва таронаву латифаҳои пурмазмун ба маҳфил ҳусни тозае зам намуд.
Ин бор гӯшаи китобҳои «Равшандилон» бо китобҳои китобҳои фаъолони маҳфил
Р. Раҳим, шодравон Ҷ. Раҳим, А. Сарбандӣ, З.Муродов. С.Ҳасанзод, О.Зиёдалиён, шодравон Бобои Мазҳарӣ, шодравон В.Баёнӣ ва шоираи ҷавон Хомисаи Айюбзод оро ёфта буд.
Хотиррасон мекунем, ки ин маҳфил барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд аст, ки ҳунари шеърхониву таронасароӣ, ҳикояву достон ва нақлу базлагўӣ доранд. Онҳо моҳе як бор гирди ҳам меоянд ва шеъру навиштаҳои худро мехонанд, аз устод маслиҳатро мегиранд ва ҳамзамон ба таронаҳои сарояндагон гӯш медиҳанд.
А. Назарова