Маҳфили “Равшандилон”-и Китобхонаи миллӣ, ки бо талоши кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус созмон дода мешавад, баъда аз зуҳри рӯзи 27-уми октябр баргузор шуд ва дар он бештар аз 20 нафар касони дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат карданд.
Соҳибистеъдодҳо аз миёни афроди имконияташон маҳдуд моҳе як маротиба ба Китобхонаи миллӣ меоянд ва аз эҷоди хеш мехонанд, ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Ин маҳфил “Равшандилон” унвон шудааст ва ҳадаф сарҷамъ кардани касонест, ки маҳорати эҷод доранд. Онҳо меоянд ва гирди як миз бо дигарон рӯ ба рӯ мешаванд, мегӯянд, мехонанд ва аз дили ҳамдигар огоҳ мешаванд.
Маҳфиле дар ин шакл барои ин касон хеле муҳим аст ва кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус бо назардошти эҳтиёҷашон дар сарҷамъиву маҳфилороӣ ин чорабиниро моҳе як маротиба доир мекуннад.