Гулрухсор: "Ман барои он менависам, ки то ҳол шеъри дўстдоштаамро нанавиштаам..."
Нашр шуд 2015-11-21 16:43
Ташнагони каломи Гулрухсор, ин шоираи дӯстдоштанӣ ва ин қаламкаши маъруф, муддати як ҳафта пеш, ки мулоқоташ эълон шуда буд, интизораш буданд.
Рӯзи 20 ноябри соли равон шоира ҳамроҳ бо сарояндаи дӯстдоштанӣ Муҳаррама Шарипова дар маҳфили адабиву фарҳангии “Дар суҳбати адиб” ҳузур ёфт ва дӯстдорони каломаш аз миёни маъюбонро шод кард.
Мулоқот баъд аз зуҳр бо ташаббуси Шуъбаи хизматрасонӣ бо маъюбони Китобохонаи миллӣ доир шуд ва дар он бештар аз 30 нафар хонандагони ҳамешагии ин шуъба аз миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат ширкат карданд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ шоираро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки Гулрухсор шоираест ниёз ба шиносоӣ надорад, зеро шеъри ӯ миёни халқ маъруфияти хос дорад.
Гулрухсор ба ҳозирин дар бораи Ватан ҳарф зад, вай аз ҷумла гуфт, Ватан муқаддас аст ва хиёнат ба он амалест нобахшиданӣ. «Агар ман қонундону қонунсоз мешудам, аввалин қонунам дар бораи он буд, ки онҳое, ки дар васфи Ватан, Модар натавониставу нафаҳмида сухан мегўянд, ба додгоҳ мекашидам, чун намешавад моҳияти Ватанро дарк накарда онро ситоиш кунӣ”.
Шоираи маҳбуб аз нобиғаи назми ҷаҳони Ҳуте иқтибос овард, ки гуфтааст: “Ҳунарманд ҳамон вақте аз майдони сухан берун меравад, ки сухани худашро гуфта бошаду шеърашро навишта бошад. Гумон мекунам тамоми шоирони дунё барои гуфтани шеъри муҳимашон чандин ва чандин китобҳо менависанд…Ман барои ин то имрўз китоб менависам, ки шеъри дўстдоштаамро нанавиштаам.
Миёни шоира ва ширкаткунандагон суолу ҷавоби дилчаспе сурат гирифт. Аз ҷумла, хонандаи фаъоли шуъба Икроми Маҳмудзод бо хушнудӣ дар ҳузури Гулрухсор гуфт, ки роҳбарияти Китобхона ғамхорона барои ин афрод маҳфилҳои гуногун созмон медиҳад, ки яке аз он маҳфили “Дар суҳбати адиб” аст. Вай хабар дод, ки романи Гулрухсор “Занони Сабзбаҳор”-ро бо ҳуруфи Брайлӣ хондааст ва пурсид, ки он ба кӣ бахшида шудааст.
Дар посух шоира нақл кард, ки асарро соли 1990 навишта буд ва аввалин тиражи он 25 ҳазор нусха буд, ки дар се рӯз комил ба фурӯш рафт. “«Бояд гӯям, ки ин асар соли 1990 бо тиражи 25 ҳазор нусха чоп гардида буд ва ман аслан онро ба модарам бахшида будам. Қаҳрамони асар Зебо ҳамон модари ман аст “.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон Фаррух аз аввалин шеъри шоира суол кард. Гулрухсор посух дод: “Азбаски ман фасли баҳорро зиёд дўст медорам, шеъри аввалинам дар васфи баҳор буд. Ва шеъри дуюмамро ҳам ёд дорам, ки “Тоҷикистон” ном дошт ва онро ман дар 14-солагӣ навишта будам. Ин шеър он замон рўзномаи ноҳиявии «Қаротегини Советӣ» чоп шуда буд”.
Дар хотима Гулрухсор миннатдории хешро аз роҳбарияти Китобхона иброз дошт ва ташкили ин гун маҳфилҳоро кори хайре донист. Гуфт мулоқот бо хонанда барои ҳар адиб як шодии фаромӯшношуданист.
Гулрухсор, шоираи номдори тоҷик 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омадааст. Соли 1968 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм карда, фаъолияти кориашро дар вазифаи мухбири рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» шурӯъ кардааст.
Дар бистусесолагӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» таъин шуд ва то соли 1970 дар ҳамин вазифа кор кард. Солҳои 1981-186 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва баъдан дар солҳои 1987-1993 дар вазифаи Раиси бунёди фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 1989-1991 вакили халқии СССР ва узви Шӯроии олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Муассиси маҷаллаи «Фарҳанг» буд, ки аз аввалинҳо шуда даст ба чопи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ зад.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, аввалин шеърашро соли 1962 чоп кардааст ва аввалин маҷмуъаи шеърии ӯ бо номи “Бунафша” соли 1970 бо пешгуфтори шори мумтоз Боқӣ Раҳимзода чоп шуд.
Ва баъдан китобҳои ӯ бо номҳои «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984 бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар «(бо ҳуруфи форсӣ) «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» ( 2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шӯъла дар санг» 2011, « Таронаи Ватан» (2011) яке апаси дигар нашр шуданд.
Ӯ муаллифи чандин повесту романҳои хонданист, ки “Занони Сабзбаҳор” ва «Сакарот» аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ашъораш бо чандин забонҳои олам тарҷума ва нашр шудаанд, дар Вашингтон, Димишқ, Париж, Амстердам, Брюссел, Эдинбург, Лондон, Франкфурт, Люксембург, Берлин, Кобул, Алҷазоир, Масква, Теҳрон маҳфилҳои шеъри ӯ дар солҳи гуногун баргузор шудаанд.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст.
Соҳиби ҷоизаҳои Комсомоли Ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли Ленинии Умумииттифоқ (1978), доранаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), барандаи Ҷоизаи амрикоӣ ба номи Ҳ.Ҳаммет (1994), нишони тиллоии ба номи Пушкин (1990) мебошад.