24 китоби Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ба Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-09-06 16:33
Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе 24 адад китобҳо бо ҳуруфи брайлиро, ки ахиран аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дарёфт карда буд, ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард. Хазинаи китобҳои брайлӣ дар шуъбаи хизматрсонии махсус 24 адад афзуд.
Мавзуна Орумбекзода, Сардори Шуъбаи хизматрасонии махсус гуфт, ки ин китобҳо аслан дарсиву омӯзишианд ва хонандагони шуъба аз ҷумлаи афроди нобино зиёд дар бораи китобҳои дарсӣ мепурсиданд.
Аз ҷумлаи ин китобҳо “Математика” барои синфи 2, иборат аз ду қисм (муаллиф О. Шуайбова), “Математика” барои синфи 3, иборат аз ду қисм (муаллиф А.Ҳамидова), “Математика” барои синфи 4, иборат аз се қисм (муаллиф А.Ҳамидова), «Русская речь» барои синфҳои 3, дар се қисм (муаллиф М.В. Кострикова), «Букварь» (русӣ) барои синфҳои 2, дар ду қисм (муаллиф М.В.Кострикова), “Русская речь» барои синфҳои 2, дар ду қисм (муаллиф М.В. Кострикова), «Русская речь» барои синфҳои 4, дар се қисм (муаллиф М.В. Кострикова), «Русская речь» барои синфҳои 2-и нобиноён ва камбиноён (муаллиф М.В. Кострикова), “Забони модарӣ” барои синфи 3, иборат аз 3 қисм (муаллиф И.Абдуллоев) мебошад.