Activities calendar

02 сентября 2017

Суханони ҳикматомези Пешвои миллат оид ба китоб

Гулчине аз суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши китоб

…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўѓи субҳи доноӣ медонистанд.

*****

Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.

Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Дар ин рӯзи истироҳат кормандони Китобхонаи миллӣ барои ободонии саҳни китобхона ва атрофи он ба кор ҳозир шуданд.
Онҳо атрофро тоза намуданд, зери дарахтонро нарм карданд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.
Рустаниҳои ҳотаи китобхонаро об доданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хасрубаҳо тоза карданд.
Ин ҳафта чорабиниҳои вижа бахшида ба Рӯзи китоб доир мешавад ва табиист, ки барои ширкат дар чунин чорабиниҳо аз дуру наздик меҳмонон меоянд.

Дониш сарват аст

«Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳдоштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати

Директори Китобхонаи миллӣ Мирализода Абдусалом Мустафо

Мирализода Абдусалом Мустафо  22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Омӯзгор, физик, доктори илми педагогика, профессор (соли 2006), Аълочии маорифи халқ (соли 1997); Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008).

Фаъолияти корӣ: лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988); муаллими Техникуми политехникии