Чунин ном дорад феҳристи тавсиявии адабиёти солҳои 1996 – 2000, ки Ҷӯрабой Раҷабов таҳияи кардааст. Ин китоб ахиран бо замбонҳои тоҷкӣ ва русӣ ба табъ расид.
Дастури мазкур барои дарёфти адабиёти дилхоҳ ба донишомӯзони соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд.
Имрўз кормандони соҳаи тиб, алалхусус донишомӯзону унвонҷӯён ва устодон ба чунин дастуре ниёз доранд, то донанда, ки дар мавзуъҳои мавриди назарашон аз куҷо кадом адабиётро ҷӯёнд, аз кадом нашрия мақола хонанд.
Дастури мазкур беш аз 500 номгўи адабиёти соҳаи тибби Тоҷикистони соҳибистиқлоли муталлиқ ба солҳои 1996 – 2000 ба забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ интишоршударо дар гирифтааст.
Шурўъ аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи дархости сардорони шуъбаҳо, Марказҳо ва фармони директори Китобхона, профессор Абдусалом Мирализода дарси омўзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» барои кормандони Китобхона шурўъ шуд.
Дарси аввал бо сухани ифтитоҳиии муовини