Шурўъ аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи дархости сардорони шуъбаҳо, Марказҳо ва фармони директори Китобхона, профессор Абдусалом Мирализода дарси омўзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» барои кормандони Китобхона шурўъ шуд.
Дарси аввал бо сухани ифтитоҳиии муовини директори Китобхона Салима Раҷабова оғоз шуд, сипас сардори Маркази такмили ихтисос Маҳмадшариф Каримов ва муовини сардори Марказ Юлчибой Мўсоев «Оиди одоби касбии китобдорӣ» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон муаллимаи давраи омӯзишӣ Р.Камолова асосгузори ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ»Мелвил Дюиро ширкаткунандагонро шинос намуд. Дар бораи барномаи мазкур, ки ҳамаи ҷанбаҳои корҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, таърихӣ, иқтисодӣ ва фарҳангро рамзбандӣ мекунад , иттилооӣ мухтасар дод. Ин курси «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ», дар донишгоҳу донишкадаҳо ба таври лозимӣ гузаранида намешавад.
Аксарияти нафароне, ки ба курси такмили ихтисос номнавис шудаанд, кормандон аз шуъбаҳои коркарди адабиёт, такмили адабиёт ва феҳристнигории Китобхона мебошанд.
Маврид ба таъкид аст, ки ин давраи омӯзишӣ се моҳро дар бар мегирад ва баъди анҷоми он ширкаткунандагонаш соҳиби сертификатҳо хоҳанд шуд.
Миҷгона Муродова,
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос