Бе ситора нестам…
Нашр шуд 2020-01-09 13:19
Ман шеърҳои Шуморо хеле бо диққат мутолиа намудам. Хурсанд шудам, ки як духтари тоҷик, ки ҳанӯз дар синфи 10 мехонад, чунин сатрҳои шеъриро бо эҳсоси баланд, бо шавқу завқи самимӣ навишта аст…
Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон
Соле, ки шоираи маҳбуб Зулфия Атоӣ дар синфи даҳум таҳсил мекард, устод Турсунзода – садри удобои тоҷик баъди мутолиаи дастаи шеърҳои ӯ сатрҳои болоро навишта фиристоданд. Ва китоби “Бе ситора нестам...”-и Зулфия Атоӣ бо ҳамин сатрҳои устод Турсунзода ва дастхати эшон оғоз шудааст.
Китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ аз назму наср иборат аст. Дар қисми аввал шеърҳои тозаэҷод, дар қисми дуюм ҳикояву резаҳикоя ва навиштаҳои ӯ перомуни рӯзгору бозёфтҳои аҳли эҷод ҷой гирифтаанд.
Чун ҳамеша дар ин китоб низ шоира кӯшиш сарф кардааст, ки ба гуфтаҳояш ҳарфи наве зам кунад, то он дилҳоро ба шӯру ғалаён оварда, ба завқи нозуки хонанда мувофиқ ояд.
Китоб аз он сабаб «Бе ситора нестам…» унвон гирифтааст, ки нахуст, ситораи ҳамноми шоира дар кайҳон – «Ахтари Зулф» зери назар аст. Дуввум, муаллиф гуфтан мехоҳад, ки манн бо ситораам, яъне хушбахт ҳастам.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
Мутахассиси Марказ такмили ихтисос