Activities calendar

17 января 2020

Агар Файзалӣ Наҷмонов зинда мебуд...

 Файзалӣ Наҷмонов-донишманди маъруф, яке аз шарқшиносони шинохта 80 сол пеш дар чунин рӯзҳои сарди зимистон дида ба олам боз карда буд. Ва 27 сол пеш аз олам рафт. Аз зумраи касоне буд, ки дар рушди шарқшиносии кишвар саҳми сазовор дошт. Солҳо факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро сарварӣ кард ва имрӯз садҳо нафар аз хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Файзалӣ Наҷмоновро бо ифтихор устоди худ меноманд.

Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ”

 Ин китоб бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нашр шудааст.

Муаллифон:

Шарофзода Г., Матробиён С., Шодиев Р.   Бобоназаров Б.. Зулфониён Р.. Исмоилов Ш., Маҳмадҷонов О.,   Мирбобоев А., Мирзоев С.. Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С.,  Офаридаев Н.,  Рустами Ваҳҳоб,  Султонов М.,  Тураев Б., Ҳомидов Д.

Рӯзи Википедия (Донишномаи озод)

 «Википедия чизи вижае аст. Чизе монанди як китобхона ё парки ҳамагонӣ аст. Википедия ҳамонанди маъбаде барои зеҳн аст. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба онҷо биравем то биандешем, биёмӯзем, ва донишамонро ба иштирок бигузорем.»

 Ин сатрҳо мутааллиқ ба яке аз бунёдгузори Википедия –Донишномаи озод Ҷимми Уэйлс аст. Шояд ин ҳарфҳоро замоне навишт ё гуфт, ки ин донишномаи  боазамат навпо буд ва ё ниме аз масири имрӯзаи худро тай карда буд. Ва бидуни шак, чунин аст. Ҳоло ин саҳифаи Интернет саршор аз матолиби хонданист. Ҳар касе ба он сар даровард, ҳатман чизе барои худ пайдо мекунанд.

Китобҳои тозавуруд: “Шаҳраки кушонии Сайёд”

 Аз 23 август то 7 сентябри с. 2018 кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ (сардори экспедитсия), А. Шарифзода (мушовири илмӣ), сармутахассисон М. Сафоев, А. Қаюмзода, З. Назаров ва М.Каримдодов дар ёдгории Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронданд. Бори нахуст ҳамин ҳайат соли 2016 дар ин ёдгорӣ ковиш гузаронда буданд. Бинобар натиҷаи хуб додани ҳафриёти он сол қарор дода шуд, ки омўзиши ин ёдгорӣ минбаъд низ идома дода шавад. Ва идома ёфт, ки натиҷаи он дар китоби “Шаҳраки кушонии Сайёд” гирдоварӣ шуд.

“Бонувон дар сиёсат”

 Ин китоб шуморо бо ҳаёт ва фаъолияти занони сарвари замони Истиқлолияти кишвар ошно месозад. Онҳо дар давраҳои гуногун рушди кишвар вазифаҳои пурмасъулро  бар уҳда доштанд ва имрўз ҳам барои ободиву шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд. Муаллифон талош кардаанд, ки ҷавондухтарон дар бораи занони сиёсатмадор на танҳо маълумот гиранд, ҳамчунин, барои расидан ба дараҷаи онҳо саъю кўшиш намоянд. Ба гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус:

 Агар гўӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

 В-агар гўӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

“Китоби роҳ ва фазилат”-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд

 15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини кадим  Лао-Сзи бо номи “Дао дэ сзин. Китоби роҳ ва фазилат” чоп шуд. Мураттиби китоб  сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик  Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.   

 «Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб