“Китоби роҳ ва фазилат”-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд
Нашр шуд 2020-01-17 08:09
15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири машҳури Чини кадим Лао-Сзи бо номи “Дао дэ сзин. Китоби роҳ ва фазилат” чоп шуд. Мураттиби китоб сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.
«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб дар таърихи башар аст, ки масири фарҳанги ҷаҳонро садсолаҳо пеш муайян кардааст. Ба рози шуҳрат ва мондагории ин асари бостонӣ хонанда аз нашри ҳозир, ки нахустин тарҷумаи «Дао дэ сзин» ба забони тоҷикӣ мебошад, пай хоҳад бурд.
Барои пайравони даосизм ва миллионҳо алоқамандони фалсафа дар ҷаҳон «Дао дэ сзин» на танҳо асари дӯстдошта, ҳамчунин дастури ҳушмандӣ, роҳнамо дар пайроҳаҳои печидаи сарнавишт ва, умуман, китобест, ки метавонад ба инсон шеваи зиндагии фарзона ва ҳадафмандро ёд диҳад.
Мураттибу ҳайати таҳририяи китоб умедворанд: «Дао дэ сзин» – ёдгори қадимаи андешаҳои файласуфи шаҳири чинӣ,- ки барҳақ «китоби фарзонаг»-аш ном мебаранд ва, инак, ба китобдӯстони тоҷик тақдим мегардад, дархури завқу табъи хонандаи гиромӣ хоҳад гашт.
Дарёфти “Китоби роҳ ва фазилат” (ПДФ)