Activities calendar

14 января 2020

«Маликаи ҷиноят» ё шаҳбонуи қаламрави адаби ҷаҳон (Беш аз чаҳор милёрд ҷилд китоб аз ӯ нашр шуда)

 Ин бону аз маъруфтарин муаллифони насри ҷиноию моҷароӣ (дедективӣ) дар тамоми давронҳо эътироф шудааст ва аз нависандагонест, ки бо теъдоди нашри пуршумори осораш то ин дам дар ҷаҳон назир надорад. Ӯро беш аз шаст румони ҷиноӣ, шаш румони психологӣ (бо тахаллуси Мэри Вистмакотт) ва нуздаҳ маҷмуаи ҳикояҳо ба чоп расидааст. Ин низ аз нодиррухдодҳост, ки шонздаҳ пиесаи ӯ дар Ландан ба саҳна гузошта шудааст. Осорашро бо садҳо забони дунёву бо милёрдҳо нусха баргадон ва ба зевари чоп кашидаанд.

 Ӯ КРИ́СТИ (Christie) ОГОТО аст, нависандаи инглис, 15 сентябри 1890 ба дунё омада ва 12 январи 1976 аз дунё

 

Се барги сабз

Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри  тоҷик дар Ӯзбекистон корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори  публитсистии худ шинохта шудаанд.

 Китоби мазкур низ аз намунаҳои  эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома  омода ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ  ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст.

Маликаи ҳафтодупанҷсола

 Малика Ҷӯрабекова ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Ҳам ҳунарманд аст ва ҳам устоди ҳунармандон. Муассиси аввалин театри анъанаҳои миллӣ бо номи “Гаҳвора”. Ва дар суҳбате гуфта буд: “Тифли ормонҳоям дар гавҳора калон хоҳад шуд”.

ҶЎРАБЕКОВА Малика Ҳалимбековна 11 январи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Санъат­­­­ши­­нос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991).