ЯК ШАРҲИ КУТОҲ: Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд.
ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.