Масъулини нашрияи ноҳиявии “Садои Конибодом” 92 шумора рӯзномаи худро, ки солҳои 2018- 2019 чоп шудааст, ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Инҳо шумораҳое мебошанд, ки то кунун дар бойгонии бахши матбуоти Китобхона набуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки “Садои Конибодом” аз моҳи январи соли 1932 инҷониб нашр мешавад. Ҳар ҳафта 3 маротиба ба чоп мерасад ва аз 4 саҳифа иборат аст . Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0031 аз 14.02.2014 ба қайд гирифта шудааст.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор пайдо кард. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ
Дар бораи зиндагӣ, марҳилаҳои ташаккули шахсият, тақдири аз ибтидо ибратомӯз ва фаъолияти илмиву эҷодӣ, одамият ва ҷаҳонбиниву инсоншиносӣ, мавқеи шаҳрвандии Иброҳим Кенҷаевич Усмонов тайи чиҳил соли охир олимону сиёсатмадорон, ҳампешагону шогирдони қадрдон бо самимияти хос даҳҳо мақола навиштаанду мусоҳибаҳо оростаанд, шеърҳо бахшидаанд. Дар маҷмӯъ онҳо лутфи оддӣ не, балки ифшогари дунёи нотакрор, симои андешаманд, нигоҳи пок, орзуҳои беолоиш, мушоҳидаҳои наҷиби марбут ба рӯзгор, корномаҳои илмӣ-таърихӣ, муносибати олими муаррих , журналист, публитсисти ҳассосу дақиқгӯ ва нозукбин мебошанд. Зеро худи Иброҳим
Ман шеърҳои Шуморо хеле бо диққат мутолиа намудам. Хурсанд шудам, ки як духтари тоҷик, ки ҳанӯз дар синфи 10 мехонад, чунин сатрҳои шеъриро бо эҳсоси баланд, бо шавқу завқи самимӣ навишта аст…
Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон
Соле, ки шоираи маҳбуб Зулфия Атоӣ дар синфи даҳум таҳсил мекард, устод Турсунзода – садри удобои тоҷик баъди мутолиаи дастаи шеърҳои ӯ сатрҳои болоро навишта фиристоданд. Ва китоби “Бе ситора нестам...”-и Зулфия Атоӣ бо ҳамин сатрҳои устод Турсунзода ва дастхати эшон оғоз шудааст.