Тақдими 92 шумораи “Садои Конибодом” ба Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-01-09 16:29
Масъулини нашрияи ноҳиявии “Садои Конибодом” 92 шумора рӯзномаи худро, ки солҳои 2018- 2019 чоп шудааст, ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Инҳо шумораҳое мебошанд, ки то кунун дар бойгонии бахши матбуоти Китобхона набуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки “Садои Конибодом” аз моҳи январи соли 1932 инҷониб нашр мешавад. Ҳар ҳафта 3 маротиба ба чоп мерасад ва аз 4 саҳифа иборат аст . Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0031 аз 14.02.2014 ба қайд гирифта шудааст.
Садои Конибодом рӯзномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом буда, фаъолияти, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимои сокинони шаҳри Конибодомро таҷосум менамояд.
Шумо имкон дорем ин шумораҳоро дар толори матуботи даврии Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
Мутахассиси Марказ такмили ихтисос