Маркази такмили ихтисос дар нуҳ моҳи соли 2015
Нашр шуд 2015-10-13 21:53
Кормандони Маркази такмили ихтисоси Китобхона ду барномаи таълимӣ барои бозомўзии кормандонро таҳия карданд: барномаи таълимии «Омўзиши донишҳои компютерӣ» ва “Омўзиши донишҳои библиографӣ». Курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 15 нафар корманди Китобхона ва курси “Омўзиши донишҳои библиографӣ»-ро 20 нафар хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Инчунин бо дархосту мактуби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба чашни 3000-солагии Ҳисори шодмон 20 нафар кормандони китобхонаҳои ноҳияи Ҳисор дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷриба омўхта, соҳиби сертификат гардиданд.
53 нафар хонандагон ба курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ чалб карда шуданд.
Дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ барои таҷрибаомўзӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Донишгоҳи тоҷикӣ –русӣ (славянӣ)-и Точикистон 52 нафар донишҷўён ташриф оварданд.
Дар ин муддат 90 нафар донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 14 нафар донишҷўёни курси 4 ва 5-уми факултаи китобдорӣ-иттилоотии ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 6 нафар аз Коллеҷи информатика ва технологияи компютерии шаҳри Душанбе ва 14 нафар за Литсейи касбии хизмат ва туризми ш. Душанбе дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷриба омўхтанд.
Ҳамчунин 2 нафар аз Коллеҷи Фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Буйдоқов П.Ҷ., 6 нафар магистрантҳо аз Донишгоҳи тоҷикӣ- русӣ (славянӣ) -и Тоҷикистон, 40 нафар донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филологияи рус ва 2 нафар магистрантҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои истеҳсолиашон таҷриба омўхтанд.