Тасвири сулҳу ваҳдати миллӣ дар ашъори адибон

Дар рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон муроҷиат намуд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рўзи 27-уми июнро дар кишварамон Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) мардуми шарифи тоҷик бо нафаси озод ҳамдигарро бародарвор ба оғўши гарм гирифтанд. Зеро тайи солиёни зиёд эшон он қадар хисорот, нофаҳмиҳо ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд, ки ҳаддашон беандоза буда, тасвири онҳо танҳо ба гуфтан осон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 12-уми декабри соли 1992 дар нахустсавганди хеш ба халқи шарифи Тоҷикистон изҳор намуда буд: «…тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила баҳри барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

Бояд эътироф кард, ки ҷустуҷўйи роҳу усули баҳамойии тоҷикон на ин ки як солу ду сол, балки беш аз се сол идома ёфт ва муроҷиатномаҳои пайгиронаи Президенти кишвар барои амалӣ гардонидани ормонҳои он ҳиссаи босазо гузоштанд.

Бори аввал дар моҳи апрели соли 1994, бо мақсади оштии миллӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа, гуфтушуниди байни тоҷикон – ҳукумат ва нерўҳои мухолифин оғоз ёфт. Музокирот тўлонӣ рўзҳои 5-19 апрели соли 1994 сар шуда, 8-давраро фаро гирифт. Баъди 21 вохўриву музокироти 4 сола, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрону Кобул, Бишкеку Ишқобод ва дигар мавзеъҳо доир гардиданд, оқибат давраи ниҳоят ва ҳалкунанда дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар ин кори неку савоб, роҳбари иттиҳоди нерўҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафарони ў, инчунин гурўҳи комиссияи Оштии миллӣ иборат аз 26-нафар, нақши арзанда доранд.

Дар рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон муроҷиат намуд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рўзи 27-уми июнро дар кишварамон Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Аз он рӯз ба баъд ва то кунун сулҳу Ваҳдати миллӣ ба як мавзуъи ҳамешагӣ дар адабиёт табдил ёфт. адибони соҳибҳунари мо ба хотири дар ёдҳо зинда нигоҳ доштани Ваҳдат ҳамарӯза шеърҳои тоза эҷод мекунанд. Аммо фарҳанги сулҳофарӣ барои миллати мо нав набуда, хеле қадимист. 

Ҳанўз сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар шеъри «Ба Ватанпарастон» кишвари хеш – Тоҷикистонро макони мардони қавиирода ва маҷозан «бешаи шерони қавишаъни далер» номида, мефармояд:

Ин давлати пуршавкату ин миллати озод
Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

Абулқосим Лоҳутӣ низ дар офариниши мавзўи сулҳу салоҳ ва ҳамдилӣ камари ҳиммат баста, таъкид месозад, ки намаки оши зиндагӣ маҳз дўстист:

Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,
Шахси бедўст шохи бебарг аст.
Дўстӣ баҳри мард тазйин аст,
Намаки оши зиндагӣ ин аст.

Адиби номвари мо устод Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дӯстӣ ном бароварда, ки беҳтарин достонҳо ва шеърҳои худро дар васфи дӯстии мардуми олам ва суботи дунё эҷод кардааст. 

То тавонӣ, дўстонро гум макун,
Дўстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дўст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Оини Ваҳдат» аз Наврўзи оламафрўз омўхтани рамузи Ваҳдатро хотирнишон намуда, ба қаҳрамони лирикии хеш бо чунин андарз рў меорад:

Ту Ваҳдат аз дили бекина омўз,
Намуди ростӣ з-ойина омўз.

Тай намудани роҳи сулҳу субот барои мардуми кишвар чандон осон набуд. Эшон умеду бовариро аз зиндагии осоишта канда, дар орзуи субҳи умед хоҳ-нохоҳ умр ба сар мебурданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ашўр Сафар ин орзуи мардуми кишварро дар шеъри «Мешуда бошад?» ба таври зайл инъикос намуда буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?...
Бар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Ҳанўз пеш аз расидани хабари хуши ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шоири шаҳир устод Лоиқ Шералӣ моҳи январи соли 1997 шодию тараби хешро дар шеъри «Сулҳи деринтизори мо» чунин ба қалам медиҳад:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!

Шоири умедбахш Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар шеъри «Ғазали Ваҳдат» ба Парвардигори оламу одам муроҷиат менамояд:

Ҳарфи ваҳдат беш гуфтем, ай Худо,
Қоли моро васл кун бо ҳоли мо.
Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,
Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар шеъри «Ғазали Ваҳдат» посух мегўяд:

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,
Зўри бозуи замон дар ваҳдат аст.
Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате,
Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.


Шоираи азизу маҳбуб Шаҳрияи Адҳамзод дар шеъри «Ханда кун» сари тифли тоҷикро модарвор навозиш мекунад:

Сулҳ омад бар Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун,
Решакан шуд Аҳриман, эй тифли тоҷик, ханда кун.
Чеҳраи тифлонаву мастури ту болида бод,
Шуд зи нав эҳё Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун.

Дар ин самт, адибони маъруф ва умедбахши фарзандони фарзонаи халқи тоҷик доир ба мавзўи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ашъори рангин офаридаанд. Монанди, Убайд Раҷаб дар шеъри «Ватани Ваҳдат», Қутбӣ Киром «Обод мешавам», Меҳмон Бахтӣ «Ғазали Ваҳдат», Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ «Рўзи мурод», Абдумалик Баҳорӣ «Навҳаи наварўс», Гулназар «Субҳ омад», Гулрухсор «Таронаи муҳаббат», Фарзона «Паёми ниёгон», Сайидалӣ Маъмур «Суруди Ваҳдат», Аскар Ҳаким «Сано», Бобо Ҳоҷӣ «Ҷашни миллат», Камол Насрулло «Боз эҳё мешавем», Ҳақназар Ғоиб «Бо дуои таманно», Раҳмат Назрӣ «Риёзии Ваҳдат», Муҳаммад Ғойиб «Ваҳдат», Алӣ Бобоҷон «Нидои Ваҳдат», ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд, бисёр муҳим мебошад.

Нозирҷон Боҳирӣ «Посбони марзи Ваҳдат», Зулфия Атоӣ «Таҳқир бас!», Низом Қосим «Эҳё», Шаҳрияи Адҳамзод «Паёми Ваҳдат», Ҳадиса «Суруди Ваҳдат», Собири Шоҳонӣ «Рубоиёти Ваҳдат» ва дигарон бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, диду равиш ва сабку салиқаи хоси хеш дар таҳким ва қавӣ гардидани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо гузоштаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба мавзўи сулҳу ваҳдат аз сардафтари  адабиёти классики форсу тоҷик устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ сар карда, то устод Садриддин Айнӣ адибон шеърҳои ҷолиб офаридаанд, ки пиру барнои ҷумҳурӣ то ҳанўз аз онҳо баҳра мебардоранд. Барои намуна, се мисол меорем, ки баробари мутолиаи онҳо мазмуну мундариҷаашон фаҳмо ва равшан мегардад. Устод Рўдакӣ таъкид месозад:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт...
Ангушт макун ранҷа ба дар кўфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркўфтанат мушт.

Абўшакури Балхӣ таъкиди устод Рўдакиро тақвият медиҳад:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг.

Абулқосими Фирдавсӣ ҷанги бародаронро мазаммат менамояд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадаш ному нанг.

Хулоса, сулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз мавзўъҳои ҷовидонаи адабиёти классикӣ ва муосири мардуми ориёӣ, минҷумла тоҷикон маҳсуб меёбад. Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз замоне ки назм дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, яке аз мавзўъҳои муҳим ва мубрам дониста шуд. Чунончи, яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ сулҳ ва ваҳдати миллатҳои эронинажод ва мардуми ориёиро инъикос намудааст. Бо тараннум ва ё инъикоси ин мавзўъ адибони форсу тоҷик мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд.

Имрўз Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рўзгори мо шуд ва рукнҳои давлатдориамонро боз ҳам таҳким бахшид.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Дар бораи сулҳу Ваҳдат дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин абёдро дастрас ва мутолиа намоед:

Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ [Матн]: Китобнома/ Мурат­тиб Ш.Комилзода; Зери назари академик А.Раҳмонзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 224 с.

Шарифзода, А. ,Фаттоев, С. Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ [Матн]:Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон  дар солҳои 1996-1999 . – Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.

Абдулваҳоб, Н., Шерхон, У. Ваҳдатовар [Матн]: Очеркҳо. – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – 192 с.

Мирзо Турсунзода Куллиёти ашъор[Матн]. – Душанбе, 2015. ­- 504 с.

Қутбӣ Киром. Минбари виҷдон [Матн]: Мунтахаби ашъор. – Душанбе: Адиб, 2012. – 312 с.

Гулназар.  Дар чодари сафеди маҳтобӣ [Матн]: Гулчини ашъор.– Душанбе: Адиб, 2015. – Ҷ.1. - 320 с.

 Муҳаммад Ғоиб [Матн]: Девон. – Душанбе: Пайванд, 2009. – 1015 с.

Раҳмат Назрӣ. Замзама [Матн]:  Мунтахаби ашъор. – Душанбе: Бухоро, 2017. – 554 с.

Ҳақназар Ғоиб. Нафас то бар нафас овози вақт аст [Матн]. – Душанбе: Нур, 2005. – 418 с.

Низом Қосим. Тафсири панҷ оҳ [Матн]: Маҷмўаи шеър, суруду тарона, либретто ва драмаи манзум. – Душанбе: Адиб, 2008. – 384 с.

Аълохон Афзаҳзод. Адабиёти тоҷик [Матн]: Китоби дарсӣ барои синфи 8.– Тошканд, 2001. – 303 с.

М.Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: