Китоби нав: Таҳқиқи ҷанбаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ

 

 Дар китоб оид ба ҷанбаҳои мухталифи мероси фарҳанги Ғайримоддии халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Маводи таҳқиқшуда аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар асоси экспедитсияҳои мардумшиносии аз ҷониби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ шуда буданд, истифода гардидааст. Китоб аз се бахш иборат буда, дар он оид ба ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатии мардуми тоҷик  таҳқиқот сурат гирифтааст. Китоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, фолклор, мардумшиносӣ ва умуман ихлосмандону алоқамандони мероси фарҳанги Ғайримоддӣ ҳамчун армуҒон пешниҳод мегардад.

  Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби кормандони ПИТФИ ба қисми зиёди шаҳру навоҳии мамлакат экспедитсияҳои илмӣ роҳандозӣ гардиданд, ки тавассути сафарҳои хидматии номбурда вазъи имрўзаи ҷашну маросимҳои миллӣ, касбу ҳунар ва умуман  фарҳанги мардум то ҷое  мавриди омўзишу пажўҳиш қарор гирифтанд. Натиҷаи экспедитсияҳои мардумишиносию санъатшиносӣ ҳамасола дар маҷаллаи илмии Пажўҳишгоҳ «Паёмномаи фарҳанг» силсила-китоби маҷмўи мақолаҳо бо номи «Фарҳанги Ғайримоддии  халқи тоҷик», ки феълан ҳашт шумораи он аз чоп баромадааст, нашр мегарданд. Инчунин аз рўи натиҷаи сафарҳои хидматӣ « Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шудааст, ки он се маротиба – солҳои 2014 , 2016 ва 2018 бо такмилу иловаҳо нашр гардид ва шакли нисбатан мукаммали он 533 унсури мероси фарҳанги Ғаримоддиро дар бар гирифтааст.

Муаллифи китоби “Таҳқиқи ҷанбаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ” Абдуфаттоҳ Аминов, корманди Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот мебошад.

Фирўза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос.