Китоби нав: Генераторҳо

 Дастур ба омўзиши генераторҳои шиддати синусоидалӣ, генераторҳои импулсҳои росткунҷа ва генераторҳои шиддати хаттӣ тағирёбанда ва намудҳои онҳо бахшида шудааст. Инчунин дар дастури таълим намудҳои радиосигналҳо ва видеоимпулсҳо ва таҳлили спектри онҳо оварда шудааст.

  Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи радиоэлектроника ва донишҷўёни факултаҳои физикаи ихтисосҳои радиофизика ва радиотехника иншо шудааст.

 Генераторҳо яке аз дастгоҳҳои муҳимтарини соҳҳои радиотехника, телевизион ва техникаи алоқа мансуб меёбанд. Таҳлили протсесҳои  физикӣ ва схематехникаи генераторҳо донишҷўёнро барои омўзиши мустақилонаи фанҳои тахасусии соҳаи радиотехника ва электроника омода месозад.

 Вобаста аз шакли сигнале, ки  дар баромади генераторҳо ҳосил мегардад, онҳоро ба намуди зайл синфбандӣ менамоянд: генераторҳои сигнали гармоникӣ, генераторҳои импулсҳои росткунҷа ва генераторҳои импулсҳои шиддати хаттӣ тағйирёбанда (генераторҳои импулсҳои аррашакл). Дар дастури методӣ ҳисобу китоб, ҳалли схемавӣ ва истифодаи ҳамин намуди генераторҳо оварда шудаанд.

 Фирӯза Маҳмадҷонова