Activities calendar

14 ноября 2019

«Пайғоми эҳё ба насли фардо - Ман ба Шумо сулҳ меорам»

 Чунин ном дошт ҳамоиши илмӣ – оммавие, ки қабл аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиш, ки ба Рӯзи Президенти Тоҷикитсон бахшида шуда буд, бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати густардаи донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон доир гардид.

 

Сулҳофаре аз табори каён

 Тоҷикон миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна ягона миллати дорои таърихи бою куҳан буда, ориёинажоданд. Фарҳанг ва тамаддуни ин миллат бою рангин буда, реша дар умқи таърих дорад. Ҳарчанд тоҷикон дар тўли таърих борҳо зери шиканҷа ва истисмори аҷнабиён қарор гирифта бошанд ҳам, ҳифзи фарҳангу маданият ва забони худро афзалтар аз ҷони худ донистаанд.

 Халқи дар тўли ҳазор сол аз ҳаққи давлатдорӣ бенасиб

Донишҳои донишманд

 Таърихи адабиёти форсӣ афродеро зиёд медонад, ки бо ном ё тахаллуси Дониш шеър гуфтаанд, достон навиштаанд, қасидаву ғазалу рубоӣ сурудаанд ва ё беҳтарин пажӯҳишҳои илмиро дар риштаҳои гуногун анҷом додаанд. Маъруфтарини онҳо Аҳмад Махдуми Дониш аст, ки назар ба дигарон дар бораи ӯ бештар медонем. Вале ҳоло сухан дар бораи Донишҳои дигар хоҳад рафт...

 Дониш Мирзо Тақихон

Хона хомўшу дил бувад пурҷўш...

 Аз даргузашти шоираи маъруф Мавҷуда Ҳакимова 27 сол сипарӣ шудааст ва аз рафтани Норинисо Алимуҳаммадова бештар аз як сол гузаштааст. Яке 60 сол ва дуюмӣ 69 сол умр дидаанд. Сатрҳое, ки ҳоло хоҳем хонд,  39 сол пеш навишта шудаанд. Ҳудудан чиҳил сол пеш, ки шоира Нориниссо хеле ҷавон ва шояд ба аввалин маҷмуаи ашъораш сарсухани ҷолибе навишта, аз вуруди як шоири дигар ба боғи адабиёт навид дод.