Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ нангу номус,ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб ëфта,волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум баҳри ободию осудагии кишвари зебоманзарамо,ҳаммароми “Дирафши Коваëн” бо тобиши се ранг:
Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тадорукоти тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ – рамзи давлатдорӣ» доир гардид. Дар нишаст мутахассисону муҳаққиқон аз Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Гулбадаст Муродова дуввуми октябри соли 1998 дар деҳаи Янгишахри ноҳияи Лахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии раками якуми ноҳияро соли 2016 хатм карда, ҳоло донишҷўи соли 4-уми факултети химияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Дар тарбияи завқи эҷодии Гулбадаст модаршон Гулсимо Муродова,ки муддате директори китобхонаи марказии ноҳия буданд,саҳми босазо гузоштаанд.
Гулбадаст дар озмунҳои зиёди адабию фархангӣ иштирок
Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат бадааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Баъди
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстону ҳамкорон, шогирдону ихлосмандони донишманди шодравон, бунёдгузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Абдулманнон Насриддин дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада, бо маърӯзаҳои илмӣ, шеърхониву суханрониҳо руҳи эшонро шод намуданд.
Маҳфилро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно кард. Сипас зимни суханронии худ
Ҳаҷву мутоиба яке аз жанрҳои душворписанди адабӣ буда, аз гўяндаи хеш диди таҳлилгарӣ, мушоҳидакорӣ ва гузашта аз ин ҷуръату ҷасорат ва забони тезу тунд, ки андеша аз «сари сабз» надошта бошад, тақозо менамояд. Ба маънии дигар ҳаҷв ифшогари нуқсу иллат ва камбудию норасоиҳои иҷтимоӣ мебошад. Он лаҳза, воқеа ва ё ҳодисаро, ки нависандаи ҳаҷвнигор мебинаду таҳлил менамояду менигарад, ҳарчанд моҳияти хеле ҷиддӣ дошта бошад ҳам аммо бо хандаи малеҳе хотима меёбад. Ва ин хандаи таҳдору андешамандона зарба ё ин ки силии обдорест бар сари нуқсу иллатҳои ҷомиа. Муаллифи ин китоб дўстдори чунин хандаи ислоҳгару созандааст.
Дар таърихи адабиёти аҳди шўравии тоҷик адибон М. Миршакар, А.Деҳотӣ, П.Толис, Б.Ортиқов, Г.Сулаймонова, А.Бобоҷон, Ғ.Ҷўразода ва чанд тани дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти наврасон чун шохаи алоҳидаи адабиёти муосири тоҷик нақшаи муҳим доштаанд.
Ба қатори чунин адибон Абдумалик Баҳориро шомил метавон кард, ки ҳанўз аз оғози фаъолияти эҷодии худ, яъне аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта, бо таълифи осори манзуму мансур барои бачагон машғул гардида, намунаҳои хуби онро офарида тавонистааст. А.Баҳорӣ
Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам аз аҳди қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт.Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзи ливоҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст давровардани ливои душман одатан маънии рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани ливо ифодагари марги сарвар ва ё асир уфтодани ӯро дошт. Ҳамчунин, дирафш нақши даркнамоиро иҷро мекард: