Ширкаткунандагони ин ӽамоиш – ёдбуд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Тайторо Ботирқулов – адиб, рӯзноманигор, тарҷумон ва табиатшиноси маъруф аз роӽбарияти Қирғизистон хостанд, ки барои таҷлил аз 100-солагии адиб дар сатӽи ҷумӽурӣ ва минтақа иқдом намоянд ва барои ба тартиб овардан ва нашри осораш мусоидат кунад.
Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.
Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии