Activities calendar

13 ноября 2019

Китоби нав: “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”

 Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   дар фазои пасошўравӣ аз ҷониби рохбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд.  Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.

 Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ  Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти хуқуқи байналмилалӣ ва 

Кӯдакон ва наврасон ҳам бояд Донишнома бихонанд

 Кўдак  то  давраи  мактабхон  шуданаш  ба  воситаи  донишномаҳо  бо  донишҳои  аввалияи  инсонӣ  мусаллах  мегардад,  ки  дар  натиҷа  кори  таълиму  тарбияи ў  дар  мактаб  ба  маротиб  осон  мешавад.  Барои  кўдакони  мактабхон  низ  маълумоти  энсиклопедӣ  дар  баробари  китобҳои  дарсӣ  хеле  зарур  аст.                                                                                                                  

Эмомалӣ Раҳмон

 

Китоби нав: “Шанхайская организация сотрудничества”

 Ин китоби тозавуруд, чуноне аз номаш пайдост, дар бораи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар шакли кутоҳшудаи СҲШ ифода мешавад. Ва табиист, ки ба таърих ва фаъолиятҳои ин созмон аз замони таъсисаш то ба кунун бахшида шудааст.

 Муаллифи китоб Маҳмадамин Оймаҳмадов талош кардааст як услуби содаву даркаш осонтарро ба кор барад, то хонанда  тавонад ба осонӣ марҳилаҳои рушди ин Паймони байналмилалриро бифаҳмад.