Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.
Зариф Ғулом 30 ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) – вилояти Хатлон таваллуд шуда, хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст.
Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.
Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...