Китоби нав. Зайнуддин Заҳруддинов. “Ҳосили ҳаёт”
Нашр шуд 2020-08-19 13:51
Муаллифи китоби мазкур Зайнуддин Заҳруддинов, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳодааст, яке аз шахсонест, ки тамоми умри бобаракати хешро ба хидмати мардум бахшидааст ва солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда, саҳми муносиби хешро дар ободонии Мастчоҳи навин гузоштааст. «Ҳосили ҳаёт» тадриҷан хонандаро бо даврони бачагию ҷавонӣ, илм омўзӣ, фаъолияти корӣ, таърихи зодгоҳ, хонавода, аҷдодони падарию модарии муаллиф бо шаҷараномаҳояшон шинос мекунад. Инчунин навиштаҳои ўро дар бораи устодону шогирдону дўстонаш ва навиштаҳои ононро дар бораи муаллиф дарбар гирифтааст.
Зайнуддин Заҳруддинов 18 - уми феврали соли 1939 дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен ) дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1949 то соли 1956 дар мактабҳои ҳафтсолаи деҳаҳо таҳсил намуд. Солҳои 1957 – 1960 донишҷўи техникуми молиявӣ омории шаҳри Сталинобод, ноҳияи Орҷоникидзеобод ( ш. Ваҳдат) буд.
Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи августи соли 1960 ҳамчун инспектори буҷети шуъбаи молияи ноҳияи Мастчоҳ оғоз кард. Солҳои 1961 – 1963 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1964 – 1969 ғоибона факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуд. Солҳои 1971 – 1973 шунавандаи Мактаби олии Ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Тошканд, солҳои 1973 – 1975 котиби масъули кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1975 –1976 мудири шуъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии комитети ноҳиявии Ҳизби коммунисти, солҳои 1976 –1995 муовини аввали раиси комиҷроияи шўрои вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1995 – 1999 раиси хоҷагии ба номи Умари Хайём, солҳоии 2001 – 2003 ҷонишини раиси ҷамоати шаҳраки Бўстон. Солҳоии 2003– 2010 раиси хоҷагии деҳқонии « Фаридун» - и Ҷамоати деҳоти Авзикент (Навбаҳор). Аз соли 2011 то ба имрўз ҷонишини раиси ташкилоти ҷамъиятии хайриявии « Бунён» дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Дар барқароркунии сохти конститутсионӣ талошҳои зиёд дошт.
Аз соли 1999 то соли 2007 нафақагири аҳамияти вилоятӣ ва аз соли 2008 инҷониб гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 9 фарзанд, 31 набера ва 6 абера аст,
Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.