Китобҳои тозанашр: “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон”

 

 Маҷмўаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, методӣ  ва амалии соҳавӣ натиҷаи таҳқиқоти илмию амалии олимону мутахассисонро дар худ таҷассум намудааст. Таҳиягарони  маҷмўа тасмим  гирифтаанд, ки оид ба таърих, фарҳанг истифодаи навгониҳо ва сарчашмаҳои нодири бойгонии Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории  стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва масоили вобаста ба он, маводи ҷолиб ва арзишманд ба муҳаққиқону, мутахассисон, омўзгорону донишҷўёни соҳа манзур намоянд.

Библиографияи  давлатии тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ пас аз солҳои 2000- ум пайваста рушд меёбад. Агар мо ба таърихи начандон дури он назар андозем, бараъло мебинем, ки имрўз Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории  стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон, ки Маркази библиографияи давлатӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, тайироти куллиро роҳандозӣ намудааст. Таъминоти муассиса бо таҷҳизоти замонавӣ дар баландшавии сифат ва самаранокии фаъолияти кормандон таъсир расонида, маводи дар солҳои охир интишорнамудаи муассиса аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво, сохтор, интихоби мавод беҳтар гардида, нисбат ба солҳои 2000 – ум маводи интишоргардидаи кишварро ба маротиб зиёдтар дар саҳафоти нишондиҳандаҳои ҷорӣ ва тарҷеии хеш инъикос ва манзур менамояд.

 Дар феҳристҳои ҷорӣ ва тарҷеие, ки мутахассисон бо кумаки олимони соҳа омода менамоянд доираи дарбаргирии сарчашмаҳои чопӣ васеътар гардида, мутахассисони соҳа тавонистаанд на танҳо аз сарчашмаҳои даврии ҷумҳуриявию вилоятӣ, балки мақолаҳои ҷолибро аз рўзномаву маҷаллаҳои шаҳриву хусусӣ ва ҷамъиятӣ низ фаро гиранд ва ҳар як мавод бо кўшишу ғайрати библиографон давраҳои пажўҳиш, интихоб, коркард ва ба феҳристи ҷории библиографӣ ворид гардиданро аз сар гузаронида, сипас дар шакли «Солномаи  матбуоти Ҷумҳурии тоҷикистон» манзури китобхонаҳо ва ҳазорон хонандагон мегардад.

Китоби “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед

Хотун  Файзмамадова, мутахассиси пешбари Маркази

такмили ихтисос                                                     

                                                  

 
Барчаспҳо: