Модар – сароғози зиндагии инсон
Нашр шуд 2021-03-04 16:22
Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар, ин олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Бо ҳастии модар зиндагӣ маъвои дигар гирифта, ҳар нафаси мо бедарду беғусса мегардад. Модар паногоҳи азалии беғамиҳо ва маъмани нуру сахост.
Аз азал дар васфи азамату шуҷоат, бузургию нексириштии модар ҳамагон гуфтанду то абад хоҳанд гуфт. Чун даргоҳи бузурги модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар партави таҳсину таърифи модар оҷизӣ мекашанд.
Ба фарқ аз ҳама миллату давлатҳо қадру манзалат ва қимати модар дар миёни миллат тоҷик ба маротиб болову сутуданист. Ҳамеша занону модарон дар ҷомеаи тоҷикистонӣ аз эҳтироми хос бархӯрдор буданду ҳастанд. Ин қадру манзалат дар даврони соҳибистиқлолӣ қабои тоза ба худ пӯшонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми модарону занонро дар рушду нумӯи давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, орому обод намудани кишвар бориз арзёбӣ намуда, дар ҳама самтҳо онҳоро ба фаъолият ҷалб намуданд.
Дар Паёми имсолаи худ низ чун солҳои қаблӣ Пешвои миллат аз дастгирии занон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки: “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад”. Воқеан агар мо ҳар соҳае назар кунем, мебинем, ки иштироки занон ва фаъолияти онҳо хеле назаррас аст. Ин фаъолияти созандаву назаррас бошад, аз дастгрии ҳамешагии бонувон дарак медиҳад.
“Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст”,-қайд намуданд Сарвари давлат дар Паёми хеш. Ин гуфтаи Роҳбари давлат гувоҳи дастгирии барҷастаи Ҳукумати давлат нисбати занон аст.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, ки: “Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”. Метавон гуфт, ки модарон низ ба боварии Сарвари бохиради тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гашта, ҳамеша мекӯшанд, бо азамату бузургӣ ва матонату устуворӣ дар рушди давлатдорӣ, гулгулшукуфии Ватани азизамон сазми бориз гузоранд. Гузашта аз ин, чун ҳамеша номи модари тоҷикро бошарофат нигоҳ дошта, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, босавод кунонидани онҳо, солимии ҷомеа кӯшишу талоши ҳамешагӣ намоянд. Ва дарк намоянд, ки онҳо оғозгоҳи зиндагии зебо, идомаи умри пурнакҳат ва ҳаёти зебову бофарраҳ мебошанд.
Шаҳодат Давлатова,
Шуъбаи кӯдакон ва наврасон.