Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммад Сиддиқхон Ҳашмат Валади Амир Музаффар
Нашр шуд 2020-08-24 13:28
(Аз тазкираи манзумаи Садри Зиё)
То кушодӣ аз камони абрувон пайкони ноз,
Эътимодам ёфт лағзиш беҳад аз паймони ноз.
Ҳуши худ дорӣ, мадор аз ман тамаъ, зеро ки дил
Изтиробе дошт бо худ, шуд кунун ҳайрони ноз.
Оразат моҳест равшан дар шаби торики зулф,
Қоматат нахлест хуррам дар баҳористони ноз.
Хандаат айшест, зоҳир гашта аз мулки адам,
Абруят тоқест, боло рафта дар айвони ноз,
Турраат мушкест, хушбў карда саҳни боғи ишқ.
Ҷабҳаат лавҳест, барпо гашта унвони ноз.
Чун фалохун шуд насибам доимо саргаштагӣ.
Абруят чун аз тағофул кард саргардони ноз.
Ҳашмат аз таннозият то чанд, эй гул, хун хурад,
Лутф ҳам бошад басе марғуб дар овони ноз.
Ҳашмат дар аҳди ҳукмронии бародараш – амир Абдулаҳад ва бародарозодааш мир Олим 35 сол ( 1303 – 1338) маҳбус буд. Дар ин айём ба ҷамъу татаббўи кутуб соҳибкамоли рўзгор шуд.
Дар Бухоро ҳеҷ китобхонае мисли китобхонаи хусусии Ҳашмат мукаммал набуд. Ҳашмат дар забони форсиву туркӣ ва арабӣ шеър иншод ва наср иншо мекард. Илова бар ин дар улуми ҷузъиёти мухталифа рисолаҳо навиштаву таҳрирот карда.
Аз ин ҷумла тазкират – уш – шуарое ба номи «Номаи хусравон» таълиф карда, дар он китоб подшоҳу подшоҳзодагони адибро зикр намуда.
Ҳашамат баъди 35 – сола маҳбусӣ баъд аз инқилоби Бухоро дар соли 1339 озод шуда, ба хидмати китобхонадории Ҳукумати Ҷумҳурияи Шўроии Бухоро машғул гардид.
Лекин дар соли 1341 ҳиҷрӣ ба суиҳаракати баъзе бародару бародарзодагонаш эътимоди ҳукумати шўроиро аз даст дода, дар зайли хонаводаи амири махлўъ ба Афғонистон фиристода шуд. Ва алъон аз ҳаёту мамоташ хабаре нест.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Сайрон Сафарова.