ДОНИШНОМАИ МУХТАСАР. Кӯдакон ва наврасон бояд чиро донанд?
Ин бахш талошест барои ҷалби насли наврас ба омӯзиши илм. Китоберо интихоб кардем бо номи "Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”, ки соли 2016 Энсиклопедияи миллии тоҷик (нашри дуввуми такмилшуда) чоп кардааст. Пораҳо аз ин китобро ба он хотир интишор медиҳем, ки на ҳама имкони дастрасӣ ба китоб доранд. Хоҳишмандон метавонанд онро дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таърихи дунёи қадим
Таърих оинаи тамаддуни гузаштаи башарият буда, ахбори сарнавишти онро аз замонҳои қадимтарин то ба имрўз ба мо мерасонад. Масъалаҳое чун пайдоиши инсон, аҷдоди тоҷикон киҳо буданд ва дар кадом марзу бум ватан доштанд, решаву насабашон аз куҷо ибтидо мегирад ва амсоли инҳо мавриди омўзиши илми таърих қарор дорад. Аҷдоди мо тайи ҳазорсолаҳо дар қаламрави Эронзамин (аз соҳилҳои дарёҳои Омуву Сир то ба сарҳаддоти шарқии рўдхонаҳои Даҷлаву Фурот дар Ироқи кунунӣ) тамаддуни оламгир ва фарҳанги нотакрореро бунёд гузоштаанд.
Одамони аввалин
Нахустин одамон тақрибан 2,5 - 3 млн сол қабл аз замони мо пайдо шудаанд. Одамони қадимтарин, ки дар натиҷаи кофтукови ботншиносӣ пайдо карда шуданд, дар Африқои Шарқӣ (Олдувай ном ҷое) зистаанд ва аз одамони имрўзӣ шаклан каме фарқ доштаанд. Аз лиҳози тафаккуру ақл низ дар сатҳи поинтаре буданд, ба ибораи дигар маҳлуқоне будаанд, ки миёни маймун ва инсони қонунӣ қарор доштаанд. Бо ду пой роҳ гаштан ба одамони нахустин имкон фароҳам овард, ки сохтани олоти меҳнат ва истифодаи онро амалӣ кунанд.
Одамони қадим дар куҷо мезистанд?
Одамони қадим дар ғорҳо ва бошишгоҳҳои хасин мезистанд ва барои шикору дарёфти ғизо ба гирду атроф мерафтанд. Ҳанўз 10-12 ҳазор сол пеш аз замони мо одамон ба парвариши рустаниҳо ва нигоҳубини ҳайвонҳо шурўъ кардаанд. Аввалин кишоварзон дар маҳаллаҳои начандон калон зиндагӣ мекарданд, ки бо мурури замон онҳо ба маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин ва баъдан ба шаҳрҳои аввалин табдил ёфтанд.
Бошишгоҳи одамони қадим
Бошишгоҳ макони зиндагии одамони қадим буд. Одатан одамони ҷомеаи ибтидоӣ дар ғорҳо, ҷангалҳо ва дигар мавзеъҳои табиӣ, вобаста ба муҳити зисташон, хонаҳои одитарин (бештар хонаҳои хасин) месохтанд ва дар он ҷо аз таъсири боду борон, сардиҳои зимистон, аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ва дигар офатҳои табиӣ паноҳ мебурданд, ки имрўз мо онҳоро бошишгоҳҳо меномем.
Одамони қадимро дар куҷои Тоҷикистон ёфтаанд?
Нахустин бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар ғорҳои мусоиди кўҳдоманҳо ҷой доштаанд. Бостоншиносон А.П. Окладников ва В.А.Ранов ба таҳқиқи бошишгоҳҳои қадимии ниёгони тоҷикон,ки ба давраҳои асри санг мансубанд, машғул шудаанд. Дар Осиёи Марказӣ бошишгоҳи қадимтарини аҷдоди тоҷиконро дар наздикии Кўлдараи Ховалинг пайдо кардаанд, ки тақрибан 800 000 – 1млн сол пеш мавҷуд будааст. Дар ин бошишгоҳ дар умқи 120 метр устухонҳои фил, каркадан, уштур ва дигар ҳайвонотро пайдо кардаанд, ки гўшти онҳо ғизои одамони ин макон будааст.
Дар девори ғорҳо чи гуна расм мекашиданд?
30-40 ҳазор сол пеш инсон дар рўи санг, устухон, девор ё ягон ашёи сахт нақшунигори одӣ мекашид. Ин гуна тасвирот бештар дар девору сақфи ғорҳо вомехўрданд. Масалан, дар Аврупо расмҳои зиёди дар ғорҳо кашидашуда ёфт шудаанд. Тасвироти рўи санг бештар дар Осиё, Африқо ва Австралия пайдо гардидаанд. Одамони қадим бо истифода аз рангҳои табиӣ ҳайвонот ва лаҳзаҳои шикорашонро мекашиданд.
Оё тасвироти қадимӣ дар ғорҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд?
Дар Тоҷикистон тасвироти рўисангии мағораҳо дар Помири Шарқӣ, аниқтараш мағораҳои Шахта ва Соймалитош ёфт шудаанд, ки ба давраҳои қадимтарин, 10-15 ҳазор сол пеш мансубанд. Дар тасвироти рўисанги ин мағораҳо манзараи шикори ҳайвонот бо рангҳои табиӣ кашида шудаанд.
Ғизои одамони қадим
Хўроки одамони нахустин меваҳои дарахтон, решаву тухми рустаниҳо ва ҷонварони хурду бузуг буданд.
Одамони қадим чиро шикор мекарданд?
Онҳо бо гузашти вақт шикор кардану моҳӣ доштанро омўхтанд. Бештар мамонтҳо, оҳуҳо ва аспу говҳои ваҳширо шикор мекарданд. Гўшти мамонтҳо барои таъмини хўроки чандҳафтаинаи аҳли бошишгоҳ мерасид. Аз пашму пўсти мамонтҳо либос ва аз дандонҳои ашки ниммудаввару устухонҳои бузургашон девору бомпўши бошишгоҳашонро месохтанд.
Одамони қадим кадом рустаниҳоро парвариш мекарданд?
Аввалин зироаткорон тухми гандуму ҷави худрўйро кишт мекарданд. Баъд аз пайванд кардани гандуми ёбоӣ бо дигар навъи хўшадорҳо, намуди нави гандуми донаҳояш бузургтар пайдо шуд. Одамони қадим донаҳои гандумро бо санг майда ва орд намуда, аз он нон пухтанро ёд гирифтанд. Гандуму ҷавро асосан дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Қадим кишт мекарданд. Парвариши шолӣ дар Ҳиндустон ибтидо ёфта, сипас дар Чин маъмул гардид. Одамони замони неолит (асри нави санг) хўшадорҳо, лўбиёгиҳо, каду, зайтун ва ҳатто ангур парвариш мекарданд.
(Идома дорад)
Аз китоби “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”. Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе, соли 2016.
Рӯнависи Уғул Бобораҳимова