Бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасонрўзи 26-уми феврал соли 2021 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки шоири бачагон Муродалӣ Собир баргузор гардид.
Маҳфилро муовини сардори шўъба Фирӯза Аҳророва ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба маҳзани илму адаб ва кохи дониш хушомадед гуфт.
Муовини сардори шўъба иброз намуд, ки хушбахтона имрўзҳо дар миёни шоирону нависандагони мо кам нестанд онҳое, ки чун давомдиҳандагони анъанаи неки гузаштагонамон, барои бачагон шеъру ҳикояҳо менависанд ва ба ин васила дар бой кардани захираи зеҳнию луғавии онҳо саҳми босазо мегузоранд.
- Муродалӣ Собир аз зумраи он шоиронест, ки бо каломи ноб ва сеҳри хомаи худ наврасону кўдаконро ба ваҷд оварда, онҳоро ба ватандўстӣ, ободонию созандагӣ, муҳаббат ба волидон, омӯзиши илму адабу маърифат ва амсоли ин талқин мекунад. Вобаста ба фаҳму идроки кӯдакону наврасон шеър эҷод намудан ва масъулият мехоҳад, донишу таҷриба мехоҳад. Вале мо аз эҷоди Муродалӣ Собир мебинем, ки эшон ба таври аъло аз уҳдаи ин кори душвор мебароянд ва шеърҳои дилчаспу шавқовар эҷод менамоянд. Китобҳои Муродалӣ Собир, ба монанди «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Гули бодом», «Арўси сабз» ва инчунин китоби тозанашрашон бо номи «Чашмасор» ба бачаҳо писанд омадаанд, - қайд намуд, муовини сардори шўъба Аҳророва Фирўза.
Сипас, хонандагони фаъоли шўъбаи кўдакону ва наврасон дар ин вохўрӣ аз ашъори шоир Муродалӣ Собир шеърҳо қмроат намуда, бо мавсуф вориди муколама шуданд. Аз ҳар хусус суол доданду ҷавоб гирифтанд.
Муродалӣ Собир 1-январи соли 1958 дар ноҳияи Варзоб дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳия соли 1982 факултаи филология ва соли 2006 факултаи иқтисодии Днишгоҳи мили Тоҷикистро хатм намудааст. Солҳо дар маҷалаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ба ҳайси ходими адабӣ ва дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намудааст.
Муродалӣ Собир муалифи як қатор китобҳо аз ҷумла, «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Гули бомдод», «Арўси сабз», «Оҳанги варзоб», «Қуллаҳо», «Шоҳпарак», «Тифли дарё», “Чашмасор” мебошад.
Муродалӣ Собир аз зумраи адибонест, ки ҳамеша даъват барои суҳбат бо хонандагон ба хушӣ мепазиранд. Ӯ борҳо меҳмони маҳфили “Дар суҳбати адиб” буд ва аз суҳбаташ хонандагон як ҷаҳон маънӣ бардоштаанд.
Шаҳодатхон Давлатова