Сабзавот дар маҳфили “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2020-08-06 13:59
Сабзавот ин ҳамаи он чи ки мо дар заминҳои лалмиву обӣ онро мекорем ва аз он хосилеро ба даст меорем то ки аҳволамон ба бадӣ наравад. Имрӯзҳо бозорҳои мо пур аз сабзавоти тару тозаи мебошад, ки ҳар яки мо аз он истеъмол мекунем.
Сабзӣ (бехӣ, зардак, газ)-ро дар ҳама чо мепарваранд. Ватани сабзӣ соҳилҳои баҳри Миёназамин мебошад. Сабзиро 4 ҳазор сол пеш аз ин парвариш ва истеъмол мекарданд. Дар мамлакати мо аз асрҳои ХI киштукор мекарданд. Сабзии навъи хӯроки серобу сершира мебошад.
Агар ба он равғани растани ҳамроҳ кунем, он вакт витамини А ҳосил мешавад, ки ин хусусияти аз дигар сабзавот бартарӣ дорад. Сабзӣ дар таркиби худ, инчунин канд, сафеда, модахои пектинӣ, (калий, натрий, фосфор) витаминҳои В1, В2, С, К, Е, РР ва дигар модаҳои бо организми инсон зарур дорад.
Сабзиро тару тоза, хушк карда ё пухта мехуранд. Барои тайёр кардани таоми якум ва дуюм, хуришҳою винегрет фаровон истифода мебаранд.
Сабзӣ ба сабзиши кад мадад мерасонад ва бар зидди ҳар гуна касалиҳои гузаранда мубориза мебарад. Оби сабзӣ барои сабзиши организми кӯдакони ширмак аҳамияти калон дорад ва ба узви босира кувват мебахшад.
Пайдоиш ва паҳншавии картошка дар Русия бо номи Пётри I (охири асри XVII) сахт алокаманд аст. Дар Точикистон бошад, картошкаро аз миёнаҳои асри XIX cap карда, парвариш мекунанд. Дар айни вакт бисёр навъҳои пуркимати картошка ба вучуд оварда шудаанд, ки аз руйи ҳосилнокӣ ва сифати
лунданавдаашон бисёр бартарӣ доранд. Сохти гули картошка ба гули дигар растаниҳои авранчӣ монанд аст.
Дар гули картошка шаҳд дида намешавад. Бинобар он, гули он тавассути ҳашаротҳо гардолуд нашуда, худ аз худ гардолуд мешавад. Аз гули гардолудшуда ғучуммеваи сабзранги серобу сертухм ба вучуд меояд. Аз тухми картошка дар соли аввали парвариш лундатанаи на он кадар калон хосил мешавад. Парвариши тухми картошкаро дар корҳои селексионӣ барои руёндани навъҳои нави картошка истифода мебаранд.
Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзӯъ сабзавот буд ва баъди маълумоти мухтасар пайдо кардан дар бораи он, миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт. Ин навъҳои сабзавотро ҳама медонистанду мешинохтанд, чун ҳар кадоми онҳо дар хона доранд ва ҳар рӯз мебинанд. Вале таърихи онҳоро на ҳама медонистанд.
Баъди ошноии бештар бачаҳо бо истифода аз ашёи дафтардорӣ расми сабзавотро наққошӣ карданд ва ё онро сохтанд.
Замира Давлатова